Шайх Наъим Қосим : Эрон дар рӯёрӯӣ бо Амрикову режими саҳюнистӣ пирӯз шудааст
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i125294-Шайх_Наъим_Қосим_Эрон_дар_рӯёрӯӣ_бо_Амрикову_режими_саҳюнистӣ_пирӯз_шудааст
Порс тудей - Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо ишора ба талошҳои Амрикову режими саҳюнистӣ барои аз миён бардоштани монеъаҳо ҷиҳати иҷроӣ кардани тарҳҳояшон дар минтақа ва нокомии онҳо дар расидан ба аҳдофашон , таъкид кард , Эрон дар рӯёрӯӣ бо Амрикову режими саҳюнистӣ пирӯз шудааст.
(last modified 2026-08-04T14:40:35+00:00 )
Август 04, 2026 19:34 Asia/Dushanbe
  • Шайх Наъим Қосим : Эрон дар рӯёрӯӣ бо Амрикову режими саҳюнистӣ пирӯз шудааст

Порс тудей - Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо ишора ба талошҳои Амрикову режими саҳюнистӣ барои аз миён бардоштани монеъаҳо ҷиҳати иҷроӣ кардани тарҳҳояшон дар минтақа ва нокомии онҳо дар расидан ба аҳдофашон , таъкид кард , Эрон дар рӯёрӯӣ бо Амрикову режими саҳюнистӣ пирӯз шудааст.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИРНА , шайх Наъим Қосим-дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи сешанбе дар суханоне гуфт : Мо бо ҳамлаи амрикоӣ - исроилӣ ба Лубнон , Ғазза , Эрон , Ироқ ва Яман ба манзури хомӯш кардани муқовимат ва истеъмори минтақа рӯбарӯ ҳастем.
Вай афзуд : Дар Лубнон ҳадаф аз ҳамлаи сентябри 2024 поён додан ба муқовимат ва решакании он буд , аммо мо бо онҳо муқобила кардем ва онҳоро маҷбур ба тавофуқе кардем, ки маҷбур шуданд муқовиматро ба расмият бишносанд.

Шайх Наъим Қосим афзуд : Ончи ҳамалоти ваҳшиёнаву густарда ба Лубнонро мутаваққиф кард , шарти Эрон дар тафоҳумномаи Амрикову Эрон буд . Эрон , мавзӯи Лубнонро дар банди аввал аз тафоҳумнома қарор дод ва таъкид кард ҳамалот ба Лубнон бояд мутаваққиф шаваду Исроил бояд ақибнишинӣ кунад.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон тасреҳ кард : « Музокироти мустақими ( давлат ) Лубнон бо душмани исроилӣ натиҷае ҷузи нангу сархӯрдагӣ ва имтиёз додан барои Лубнон ба ҳамроҳ надорад . Исроил дастовардҳои сиёсӣ ба даст овардааст, аммо бо ҳузури муқовимат дастоварди майдонӣ нахоҳад дошт.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар идома таъкид кард , Амрикои золим ва режими саҳюнистӣ ба дунболи сарнагун кардани низом дар Эрон ва поён додан ба ҳузури инқилобӣ , муқовим ва исломии Эрон буданд , аммо шикаст хӯрданд . Эрон бо артиш , Сипоҳи посдорон , мардум ва раҳбарии қудратманд маҳкам истодааст.

Шайх Наъим Қосим таъкид кард : Муқовимат модоме ,ки ишғолгарӣ вуҷӯд дорад , тадовум хоҳад дошт ва мо бо ҳар онки вориди пружаи исроилӣ шавад, муқобила мекунем . Мо бар Лубнони воҳиду якпорча ва ғайриқобили таҷзия(тақсим) иҳтимом дорем ва аз сарзаминамон чашмпӯшӣ намекунем.
Шайх Наъим Қосим ҳамчунин гуфт : Танҳо гузинаи пеши рӯйи душмани исроилӣ , ақибнишинии комили ин режим аст ва билохира ақабнишинӣ ҳам хоҳад кард . Мо Ғаззаву Фаластинро фаромӯш нахоҳем кард , ин таҷовузи дадманишона бояд мутаваққиф шавад.