Раиси муассисаи италияӣ : Инқилоби исломии Эрон ба мо аврупоиёни осебдида аз султаи фарҳангии Иёлоти Муттаҳида роҳи раҳоиро нишон дод
-
Адолфо Морганти-раиси муассисаи фарҳанги « Ҳуввияти аврупоӣ » дар Италия
Порстудей - Раиси муассисаи фарҳангии « Ҳуввияти аврупоӣ » дар Италия бо ишора ба таъсири маънавӣ ва сиёсии Инқилоби исломии Эрон дар муъодилоти ҷаҳонӣ , ин рӯйдодро як ренесанс(растохез)и бузурги фарҳангӣ ва илҳомбахш барои миллатҳо донист .
Ба гузориши Порстудей , Адолфо Морганти рӯзи сешанбе дар ҳошияи семинари тахассусии « Ирфон ва улгӯи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) ; эҳёи сиёсати муосир », ки дар бинои муассисаи « Ҳуввияти аврупоӣ » дар Италия баргузор шуд , дар мусоҳиба бо ИРНА дар посух ба пурсише дар бораи собиқаи ҳамкории ӯ бо ниҳодҳои эронӣ афзуд: Интишороти мо аз бист соли пеш ҳамкории идомадоре бо ройзании фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Рим доштааст . Ин ҳамкорӣ дар соли 2006 бо интишори тарҷумаи италияии рисолаи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) бо унвони « Ҳукӯмати исломӣ ё вилояти фақеҳ » оғоз шуд . Ҳамчунин беш аз 10 сол аст, ки аз тариқи анҷумани фарҳангии « Ҳуввияти аврупоӣ » дар сатҳи миллӣ фаъол ҳастем ва талош кардаем пайванди байнидинии миёни Ислому масиҳеяти католикро тақвият кунем.
Раиси муассисаи фарҳангӣ « Ҳуввияти аврупоӣ » гуфт : Панҷ сол пеш тавофуқномае миёни Донишгоҳи адёну мазоҳиби Қум ва давраи омӯзишии олии « Гуфтугуи байни аддиёну равобити байналмилалӣ » ки бо ҳамкории банда ва профессор Франко Кардини тарроҳӣ шуда , ба имзо расид. Ин давра дар Донишгоҳи Сан Марино тадрис ва зери назари муассисаи мутолиъоти динии « О . Мароли » ва калисои католики маҳаллӣ идора мешавад.
Вай ҳамчунин дар посух ба ин пурсиш, ки « аз манзари фикрӣ ва торихӣ Инқилоби исломии Эронро чи гуна таҳлил мекунед ? » , афзуд: Инқилоби исломӣ посухи қудратманд ба бунбасти Ялто дар соли 1945 ва тақсими ҷаҳон ба ду блоки Шарқу Ғарб буд. Ин инқилоб як ронесанси фарҳангӣ ва маънавӣ буд, ки аз сӯи яке аз куҳантарин миллатҳои таърихи башарият арза шуд.
Морганти таъкид кард : Барои мо, ки аз султаи фарҳангии Иёлоти Муттаҳида дар Аврупо осеб дидаем , Инқилоби исломӣ нишон дод, ки на танҳо метавон аз зери султаи қудратҳо раҳо шуд , балки бояд ин масирро бо қотеъият паймуд.
Вай идома дод : Инқилоби исломии Эрон бархеста аз ҳеҷ як аз идеологияҳои модерни ғайридинӣ набуд ; балки аз суннати амиқи шиъӣ бо қидмати чанд қарн реша гирифт . Ин хусусият нуқтаи тамоюзи он аст ва мо онро ба унвони намӯнае аз талфиқи дину сиёсат дар маънои илоҳии он местоим.
Раиси муассисаи фарҳангӣ « Ҳуввияти аврупоӣ » идома дод : Барои мо, ки аз суннати ду ҳазорсолаи масеҳияти католик илҳом мегирем , Инқилоби исломӣ нишон медиҳад, ки дин фақат буъди фардӣ надорад , балки бояд ҷомеъаро низ шакл диҳад ва ин ҳамон нигоҳе аст, ки метавонад ҷавомеъи имрӯзро аз буҳрони ҳуввиятӣ раҳо созад.
Вай дар идома ба вазъияти нигаронкунандаи Фаластин ишора кард ва гуфт :
Бетардид имрӯз дар сарзамини муқаддас шоҳиди талошҳои бунёдгароии саҳюнистӣ барои нобудии мардумоне ҳастем, ки қарнҳо бо ақаллияти масеҳӣ дар канори якдигар зистаанд . Ин ҷиноят шарафу каромати инсони диниро халалдор кардааст.
Морганти дар ҳамин пайванд тасреҳ кард, ки танҳо бо иттиҳоди миёни ҷаҳони Ислому масеҳият метавон дар баробари ин фоҷеъаи инсонӣ истод ва муқовимат кард.