Корбарони Х | Дар мубориза бо Амрико ва Исроил дар канори Эрон ҳастем
-
Тасвире аз оташ задани парчами Амрико дар Панама
Порс Тудей - Корбарони шабакаи иҷтимоии Х бо ишора ба тавтеаҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ дар эҷоди ноамнӣ ва ошӯб дар Эрон эълом карданд, ки дар мубориза бо Амрико ва Исроил, дар канори Эрон ҳастем.
Ҳамзамон бо суиистифодаи ҷараёнҳои вобаста ба Амрико ва режими саҳюнистӣ аз эътирозоти маъишатӣ ва синфӣ, фазои бархе шаҳрҳои Эрон бо ноамнӣ ва ҳамалоти террористӣ ҳамроҳ шуд. Шаҳодати неруҳои амниятӣ, тахриби амволи умумӣ ва оташ задани марокизи мазҳабӣ ва омӯзишӣ, афкори умумиро ҷариҳадор карду заминасози ҳузури миллионии мардум дар саҳна барои дифо аз амнияти миллӣ шуд. Корбарони шабакаи иҷтимоии Х ҳам ба иттифоқоти Эрон вокуниш нишон доданд, ки дар ин матлаб аз Порс Тудей нигоҳе ба он андохта шудааст.
Фаъоли шабакаи иҷтимоии Х бо номи корбарии Syrian Girl бо интишори аксе аз Бурҷи озодии Теҳрон, бар Амрико ва Исроил ба далели эҷоди иғтишош дар Эрон лаънат фиристод. Ӯ навишт: «Паёми ҷаҳониён ба Амрико, Исроил ва инқилоби ҷаълии онҳо лаънат аст.»
The Saviour, корбари дигаре буд, ки ба иттифоқоти Эрон вокуниш нишон дод ва навишт: Дунё дар мубориза бо Амрико ва Исроил дар канори Эрон аст.
Mario Nawfal, фаъоли шабакаи иҷтимоии Х низ бар эътимодӣ ба ваъдаҳои Ғарб таъкид кард. Ӯ навишт: «ба Ғарб эътимод накунед; истиқомати мардуми Эрон дар баробари душманонашон, истиқлоли воқеии онҳоро нишон медиҳад. Ҳар гуна тавофуқ бо душманон фақат нобудии Эронро ба таъхир меандозад.»
Kim Dotcom, корбари шабакаи иҷтимоии Х ҳам бо интишори тасовире аз вайрониҳои Ғазза, изҳороти мақомоти саҳюнист дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар Эронро ба сухра гирифт. Ӯ навишт: «Исроиле, ки Ғаззаро вайрон кард ва даҳҳо ҳазор нафарро ба шаҳодат расонд, нигарон аст, ки Эрон мумкин аст қавонини байналмилалиро зери по бигузорад.»
David Miller, фаъоли шабакаи иҷтимоии Х низ ба нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳимоят аз мардуми Фаластину меҳвари муқовимат пардохт. Ӯ навишт: «танҳо Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки метавонад Фаластин, меҳвари муқовимат ва дар воқеъ тамаддуни рӯйи ин сайёраро наҷот диҳад.»
Фаъоли шабакаи иҷтимоии Х бо номи корбарии Lord Bebo ҳам ба ҳимояти молии Амрико ва режими саҳюнистӣ аз созмонҳои ба истилоҳи ҳуқуқи башарӣ барои интишори гузоришҳои сохтагӣ дар бораи Эрон ишора кард. Ӯ навишт: «бисёре аз созмонҳои ҳуқуқи башарӣ, ки дар мавриди Эрон гузориш медиҳанд, тавассути Исроилу Амрико таъмини молӣ мешаванд. Террористҳои таҳти ҳимояти Исроил дар Эрон хушунат мекунанду мошинҳои имдодӣ ва оташнишониро оташ мезананд.»
Furkan Gözükara, фаъоли шабакаи иҷтимоии Х низ бо ишора ба ҳимояти низомии Амрико аз Исроил ва иддаои мақомҳои саҳюнист дар бораи ҳамла ба Эрон навишт: «як бори ҳам ки шуда, бигзоред Исроил ба танҳоӣ алайҳи Эрон иқдом кунад то бибинед натиҷа читур мешавад.»