Роҳпаймоии густардаи мардуми Эрон дар чиҳилу ҳафтумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ +тасовир
-
Ҳузури бонувон дар роҳпаймоии 22 баҳман
Порс Тудей - Ҳамзамон бо 47-умин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ, мардуми шаҳрҳои мухталифи Эрон аз ақшори мухталиф бо баргузории роҳпаймоӣ ин рӯзро ҷашн гирифтанд.
Ҳамзамон бо оғози роҳпаймоии 22 баҳман, ҳузури ҳамосӣ ва ваҳдатбахши мардум дар як ҳазору 400 нуқтаи Эрон, намоиши ҳамбастагӣ ва таҷдиди мисоқ бо ормонҳои инқилоби исломӣ ва шуҳадост. Аз шимол то ҷануб, шарқ то ғарби Эрон, ақшори мухталифи мардум дар ҳавои сарди зимистон парчамҳои Эрони исломиро бо ҷону дил ба даст гирифтаанд то бо эҳтизози он дар ҳар гоме, ки бармедоранд бар ваҳдату ҳамдилии худ таъкид кунанд.
Имсол ҷашни пирӯзии инқилоби исломӣ дар пайи паёми раҳбари инқилоби исломӣ бо қадамҳои устувортари мардум дар, ҳоле баргузор мешавад, ки ҳамвора бадхоҳони низом талош кардаанд бо тафриқаафканӣ масири иттиҳоди мардумро мунҳариф кунанд, ки ҳузури пурранг ва бо иқтидор ақшори мухталифи мардум дар масирҳои таъйин шудаи роҳпаймоии 22 баҳман имсол дар саросари Эрони исломӣ таҷаллигоҳи ишқи мардум ба ватан, имону побандӣ ба ормонҳои инқилоби исломӣ аст.
Дар ин матлаб аз Порс Тудей нигоҳи тасвирӣ ба ин роҳпаймоии густарда андохта шудааст.