Сандуқи байналмилалии пул: Идомаи ҷанг дар ғарби Осиё шароити бадтаре барои иқтисоди ҷаҳон рақам мезанад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i124758-Сандуқи_байналмилалии_пул_Идомаи_ҷанг_дар_ғарби_Осиё_шароити_бадтаре_барои_иқтисоди_ҷаҳон_рақам_мезанад
Порс Тудей — Мудир омили Сандуқи байналмилалии пул эълом кард, ки агар ҷанг дар ғарби Осиё то соли оянда (2027) тӯл бикашад, иқтисоди ҷаҳон бо шароити бисёр бадтаре мувоҷеҳ хоҳад шуд.
(last modified 2026-05-05T07:02:38+00:00 )
Май 05, 2026 11:52 Asia/Dushanbe
  • Сандуқи байналмилалии пул: Идомаи ҷанг дар ғарби Осиё шароити бадтаре барои иқтисоди ҷаҳон рақам мезанад

Порс Тудей — Мудир омили Сандуқи байналмилалии пул эълом кард, ки агар ҷанг дар ғарби Осиё то соли оянда (2027) тӯл бикашад, иқтисоди ҷаҳон бо шароити бисёр бадтаре мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Кристалина Георгиева, мудир омили Сандуқи байналмилалии пул рӯзи душанбе гуфт: Пешбинии қаблии Сандуқи байналмилалии пул мабнӣ бар ин ки ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон мунҷар ба коҳиши рушди иқтисодии ҷаҳонӣ ва афзоиши ҷузъии қиматҳо хоҳад шуд, дигар муътабар нест.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, Георгиева ҳушдор дод: Агар ҷанг то соли оянда (2027) идома ёбад ва қимати нафт ба 125 доллар дар ҳар бушка бирасад, бояд интизори натиҷаи бисёр бадтареро барои иқтисоди ҷаҳон дошта бошем.

Аз сӯи дигар, рӯзномаи «Эл Паис»-и Испания навишт, фиқдони пешрафт дар музокироти Амрико ва Эрон, баста мондани тангаи Ҳурмуз ва тадовуми барномаи интиҳории Вашингтон, хатари фурӯпошии иқтисодии ҷаҳонро афзоиш додааст; дар ҳоле ки захираҳои ҷаҳонӣ рӯ ба итмом аст ва ҷаҳон ба тадриҷ аз ин масири ҳаётии интиқоли нафт ва газ маҳрум мешавад, қимати нафт ба болотарин ҳадди худ аз соли 2022 расида ва эҳтимоли рукуди иқтисодӣ дар ҷаҳон, бавижа дар Аврупо рӯ ба афзоиш аст.