Занги хатар барои бозори энергияи Амрико / Расонаи англисӣ: Эронро набояд дастикам гирифт
https://parstoday.ir/tg/news/world-i124924-Занги_хатар_барои_бозори_энергияи_Амрико_Расонаи_англисӣ_Эронро_набояд_дастикам_гирифт
Порс Тудей — Дар остонаи оғози сафарҳои тобистонӣ ва ҳамзамон бо коҳиши мустамари захираҳо дар Амрико, додаҳои Идораи энергияи Иёлоти Муттаҳида нишон медиҳад дар сурати идомаи ин вазъият, соли 2026 ба унвони тӯлонитарин давраи коҳиши мудовими захираҳои бензин дар таърихи ин кишвар сабт хоҳад шуд.
(last modified 2026-06-01T11:49:48+00:00 )
Июн 01, 2026 16:46 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қимати бензин дар Амрико ҳамроҳ бо коҳиши захираҳо
    Афзоиши қимати бензин дар Амрико ҳамроҳ бо коҳиши захираҳо

Порс Тудей — Дар остонаи оғози сафарҳои тобистонӣ ва ҳамзамон бо коҳиши мустамари захираҳо дар Амрико, додаҳои Идораи энергияи Иёлоти Муттаҳида нишон медиҳад дар сурати идомаи ин вазъият, соли 2026 ба унвони тӯлонитарин давраи коҳиши мудовими захираҳои бензин дар таърихи ин кишвар сабт хоҳад шуд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНО, додаҳои Идораи иттилооти энергияи Иёлоти Муттаҳида (EIA) нишон медиҳад, ки қимати бензин дар Амрико аз замони оғози ҳамлаҳо алайҳи Эрон дар 28-и феврал, сабаби рушди 50-дарсадии баҳои бензин шуда ва рекорди қимати чаҳор соли гузаштаро шикастааст.

Бар асоси ин гузориш, қимати ҳар галон бензин дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳоли ҳозир наздик ба 4/33 доллар аст. Аммо акнун пас аз 15 ҳафтаи мутаволии коҳиши мавҷудии бензин, ки захираҳои ин кишварро ба пойинтарин ҳад дар ин фасл аз сол аз соли 2014 то кунун расондааст, қиматҳо эҳтимолан дубора афзоиш ёбанд.

Гардиан: «Эронро набояд дасткам гирифт»

Дар ҳамин ҳол рӯзномаи англисии «Гардиан» дар таҳлиле ба қалами Роберт Тит, хабарнигори сиёсии ин рӯзнома навишт: «Эрон ҳарифест, ки набояд онро дастикам гирифт». Дэвид Ҳёрст, рӯзноманигори англисӣ низ тайи ёддоште дар пойгоҳи «Мидл Ист Ай» навишт: «Эрон дасти болоро ба даст оварда ва Амрико ва Исроил дар таҳаққуқи аҳдофи худ ноком мондаанд».