Гардиан: Ҷанги нофарҷоми Трамп алайҳи Эрон ҳеҷ дастоварде барои ӯ надошт / Эрон дар авҷи қудрат барои таҳмили шартҳои худ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i124932-Гардиан_Ҷанги_нофарҷоми_Трамп_алайҳи_Эрон_ҳеҷ_дастоварде_барои_ӯ_надошт_Эрон_дар_авҷи_қудрат_барои_таҳмили_шартҳои_худ
Порс Тудей — Нашрияи англисии «Гардиан» бо ишора ба ин ки ҷанги бидуни барномаи Трамп алайҳи Эрон комилан шикаст хӯрдааст, меафзояд: Раисиҷумҳури Амрико, ки худро устоди муомила меномад, акнун дар мавқеияте қарор дорад, ки маҷбур аст пешнависи тафоҳумномаеро бипазирад, ки амалан барои ӯ таҳқиромез аст.
(last modified 2026-06-03T07:07:13+00:00 )
Июн 03, 2026 12:02 Asia/Dushanbe
  • Доналд Трамп
    Доналд Трамп

Порс Тудей — Нашрияи англисии «Гардиан» бо ишора ба ин ки ҷанги бидуни барномаи Трамп алайҳи Эрон комилан шикаст хӯрдааст, меафзояд: Раисиҷумҳури Амрико, ки худро устоди муомила меномад, акнун дар мавқеияте қарор дорад, ки маҷбур аст пешнависи тафоҳумномаеро бипазирад, ки амалан барои ӯ таҳқиромез аст.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНО, нашрияи англисии «Гардиан» дар ёддоште ба қалами Кеннет Рот, сутуннависи ин нашрия бо таъкид бар ин ки ҷанги нофарҷоми Доналд Трамп алайҳи Эрон ҳеҷ дастоварде барои ӯ надошт, навишт: Акнун раисиҷумҳури Амрико ба нуқтаи сифр бозгашта ва аз Эрон мехоҳад дубора ҳамон тавофуқеро, ки Теҳрон бо давлати Барак Обама, раисиҷумҳури собиқи Иёлоти Муттаҳида имзо карда буд, имзо кунад.

Бар асоси ин ёддошт, ҷанги нофарҷоми Трамп ҳеҷ дастоварде барои ӯ надошта ва Эронро дар қудратмандтарин мавқеияти мумкин барои таҳмили шартҳои худ қарор додааст.

Дар идомаи ин ёддошт бо ишора ба таҷовузи низомии муштараки Амрико ва режими саҳюнистӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар пайи он ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ ба шаҳодат расиданд, омадааст: Трамп ба таҳрики Бенямин Натаняҳу, нахуствазири (режими) Исроил умедвор буд бо террор (ба шаҳодат расондан)-и раҳбарони Эрон ҳукумати ин кишварро сарнагун кунад, аммо ин бомбаборонҳо натанҳо ҳукумати Эронро сарнагун накард, балки қудрати онро афзоиш дод.

Ин ёддошт меафзояд: Пеш аз ҷанг, якпанҷуми нафт ва гази моеи ҷаҳон аз Тангаи Ҳурмуз убур мекард, аммо ихлол дар убуру мурури киштиҳо аз ин танга, фишори таваррумии шадиде бар иқтисоди Амрико ворид карда ва чашмандози ҷумҳурихоҳонро дар интихоботи миёндавраии ноябр тира сохтааст.

«Гардиан» дар идомаи ин ёддошт бо ишора ба ин ки эрониҳо Трампро дар тангно қарор додаанд, менависад: Теҳрон бо огоҳӣ аз ноумедии Вашингтон барои бозгушоии Тангаи Ҳурмуз, хоҳони имтиёзоти бесобиқае шудааст.

Бар асоси ин ёддошт, ҳатто мавзуоти калидие, ки Трамп баҳонаи ҷанг қарор дода буд, монанди тавони мушакии Эрон ва ҳимояти Теҳрон аз Ҳамос ва Ҳизбуллоҳ дар тавофуқномаи эҳтимолӣ дида намешавад.