Русия бо таъйиди расмии Шӯрои олии сиёсии Яман Арабистонро ғофилгир кард
Русия бо ба расмият шинохтани Шӯрои олии сиёсии Яман, эътилофи Саудии мутаҷовиз ба ин кишварро мутааҷҷиб ва ғофилгир кард.
Кордори Сафорати Русия дар Санъо, пойтахти Яман эълом кард, кишвараш аз ташкили Шӯрои олии сиёсӣ, ки ҳосили иттиҳод ва эътилофи ҷумбиши Ансоруллоҳ ва Ҳизби мушорикати мардумӣ ба раёсати Абдуллоҳ Солеҳ, раиси ҷумҳурии собиқи ин кишвар аст, ҳимоят мекунад.
Ин иқдоми давлати Русия зарбае муҳлик ба кишварҳои узви эътилофи зидди Яман ба раҳбарии Саудӣ ва низ Мансури Ҳодӣ, раиси ҷумҳурии мустаъфӣ ва фирорӣ аст.
Намояндагони Маҷлиси Яман дар аввалин нишасти худ пас аз ҳудуди ду сол, зимни таъйиди ташкили Шӯрои олии сиёсии муташаккил аз Ансоруллоҳ ва Конгресси мардумии саросарӣ ба раёсати Алӣ Абдуллоҳи Солеҳ, раиси ҷумҳурии пешин, ба он раъйи мусбат дод ва ба ин тартиб Маҷлиси намояндагони Яман тарҳи ташкили Шӯрои олии сиёсиро тасвиб кард.
Муқобила бо таҷовуз ба Яман ва мудирияти кишвар ва ҳамчунин тарҳи сиёсати куллии давлат бар асоси қонуни асосӣ аз вазоифи ин шӯрост.
Ба назари таҳлилгарони сиёсӣ, тавофуқи сиёсии Ансоруллоҳ ва Конгресси мардумии Яман як рӯйкарди миллӣ ва мардумӣ аст, ки бори дигар моҳияти мардумии ҷумбиши Ансоруллоҳ ва беасос будани иддаои террористии онро собит карда ва дар воқеъ "инқилоби дуввуми мардуми Яман" дар муқобили мутаҷовизони хориҷӣ ва муздурони дохилӣ ба шумор меояд".