Робитаҳои Русия ва Амрико дар бадтарин вазъият
Робитаҳои Русия ва Амрико дар давраи пасоҷангисард бо фарозу фурудҳои зиёде ҳамроҳ будааст.
Бо ин ҳол бо вуқӯъи буҳрони Украина дар сол 2014 ва пас аз он, равобити Маскав ва Вашингтон масири ру ба коҳишро тай ва доманаи ихтилофоти байни ду кишвар паҳлуҳои бесобиқае пайдо кардааст. Вашингтон акнун илова бар рӯёрӯӣ бо Маскав дар заминаи амниятӣ ва низомӣ, сиёсати ташдиди фишорҳо алайҳи Русияро дар бахшҳои мухталифи сиёсӣ,дипломатӣ ,тиҷорӣ,иқтисодӣ, низомӣ ва энергӣ думбол мекунад.
Кремл дар бораи ин вазъият ва паёмадҳои он ҳушдор додааст. Дмитрий Песков-сухангӯи раисҷумҳури Русия дар вокуниш ба сатҳи рӯ ба коҳиши равобити Русия ва Амрико эълом кард: Робитаҳои мо дар бадтарин вазъияти худ қарор дорад ва метавон гуфт дар бадтарин даврони равобити ду ҷонибаем. Маскав мӯътақид аст, ки ин амр тамоми масоили мавриди ихтилофи байн ду тарафро дар бар мегирад. Ба гуфтаи Песков ин вазъият на танҳо дар равобити дуҷониба, балки дар сатҳҳои мухталифи масъулияти байналмиллалии ду кишвар низ дида мешавад, ки ба равобити чандҷониба бар мегардад; махсусан дар хусуси контроли силоҳҳо ва суботи стратегӣ воқеъият дорад, ки тамоми паймонҳо дар ин замина дар ҳоли аз байн рафтан ҳастанд. Ишораи ин мақоми баландпояи русӣ ба талоши бардавоми давлати Трамп барои хурӯҷ ва низ бекорсозии ҳамаи паймонҳои контроли силоҳҳо аст, ки таъсироти бисёр манфӣ бар субот ва амнияти байналмиллалӣ мегузорад.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ дар изҳори назаре дар бораи равобити Русия ва Амрико гуфта, ки ин робитаҳо таҳти таъсири фарояндҳои сиёсӣ дар дохили Амрико аст.
Ихтилофоти Амрико ва Русия на фақат дар заминаи масоили байналамиллалӣ ва минтақаие монанди буҳрони Украина, тавофуқи ҳастаии Барҷом, буҳрони ҳастаии нимҷазираи Корея, буҳрони Сурия ва низ масоили калоне монанди паймонҳои контроли силоҳҳо аст, балки ихтилоф дар бораи моҳияти низоми байналмиллалии матлуб, яъне чандҷонибагароӣ низ аз ихтилофоти аслии Маскав ва Вашингтон маҳсуб мешавад. Манофеъи муттазоди ин ду қудрати байналмиллалӣ дар заминаи масоиле монанди тавонмандии ҳастаӣ ва ҳавзаҳои нуфуз дар шарқи Аврупо, ғарби Осиё ва Амрикои лотин мӯҷиб шуда, то Вашингтон дар санадҳои асосии худ, монанди стратегияи амнияти миллӣ, стратегияи дифоъи миллӣ ва докторинаи нави ҳастаии Амрико, ҳамвора аз Русия ба унвони бузургтарин таҳдид алайҳи Амрико ва низ таҳдиди ҳастаии рақами як ёд кунад.
Иқдомоти хасмонаи Вашингтон алайҳи Маскав, аз сӯи Русия бепосух намондааст. Дар марҳилаи кунунӣ таззоди Маскав ва Вашингтон дар чанд арса пурранг аст. Дар арсаи калон, Москва дар бораи моҳияти низоми байналмиллалии матлуб бо Вашингтон дучори ихтилофи назари асосӣ аст. Дар арсаи мавзӯъоти мавриди ихтилоф низ ин ду қудрати байналмиллалӣ дар ҳавзаи буҳронҳо ва муноқишаҳои минтақаӣ бо ҳам таззод доранд. Илова бар тақобули Амрико ва Русия дар шарқи Аврупо ва Сурия, акнун Амрикои лотин ба вежа Венесуэла низ ба ин феҳрист изофа шудааст. Дар заминаи амниятӣ низ дар ҳавзаи рақобатҳои низомӣ ва контроли силоҳҳо, бо хурӯҷи Амрико аз паймонҳои низомӣ, ихтилофи назари ҷиддӣ дар ин замина байни Маскав ва Вашингтон шакл гирифтааст.
Бо хурӯҷи Амрико аз паймони осмонҳои боз ва қабл аз он лағви паймони нируҳои ҳастаии миёнбурд ва сарпечии идомадори Вашингтон аз оғози музокирот барои тамдиди паймони Старти нав, ки дар феврали 2021 ба поён мерасад, акнун Маскав ба ин ҷамъбандӣ расида, ки Вашингтон барқасдона ва дар ростои аҳдофи ҷангталбонаи худ ба думболи густариши зарродхонаи мушакӣ ва ҳастаии худ аст ва хостаҳои давлати Трамп барои боқӣ мондан дар ин муоҳидот монанди пайвастани Чин ва ё худдории Русия аз иҷрои ин паймонҳо сирфан баҳонае барои хурӯҷ аз онҳо аст. Ин масъалае аст, ки мақомоти аршади Русия комилан онро дарк кардаанд. Сергей Рябков-муовини вазири умури хориҷаи Русия дар ин бора гуфт: Мо дигар ба Амрико наметавонем бовар кунем ва ин кишварро шарики худ дар суботи стратегӣ бидонем. Дар марҳилаи кунунӣ иқдомоти давлати Трамп дар беэътиноӣ ба тааҳҳудот ва тавофуқоти байналмиллалӣ ба вежа дар заминаи контроли силоҳҳо мунҷар ба афзоиши таниш бо Русия шудааст. Идомаи ин сиёсат аз ҷониби Амрико мӯҷиби афзоиши бесуботӣ дар арсаи байналмиллалӣ ва густариши мусобиқаи силоҳӣ байни қудратҳои байналмиллалӣ, ба хусус дар бораи силоҳҳои ҳастаӣ хоҳад шуд.