Ҳушдори Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар бораи тавзеъи ноодилонаи ваксинаи корона
(last modified Sat, 05 Dec 2020 11:01:12 GMT )
Декабр 05, 2020 16:01 Asia/Dushanbe
  • Мудири Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз тавлидкунандагони ваксинаи корона хост кишварҳои фақирро аз ёд набаранд
    Мудири Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз тавлидкунандагони ваксинаи корона хост кишварҳои фақирро аз ёд набаранд

Мудири Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳушдор дод тавлиди ваксинаи корона набояд сабаби афзоиши ихтилофи кишварҳои фақир ва ғанӣ шавад.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Тедрос Аданом (Tedros Adhanom), рӯзи ҷумъа дар иҷлоси маҷозии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳамагирӣ ҳушдор дод:«ҳол, ки кишварҳои сарватманд дар ҳоли тавзеъи ваксинаҳои Ковид 19 ҳастанд ин хатар, ки фақирон дар ин миён лагадмол шаванд, вуҷӯд дорад.»

Мудири Созмони ҷаҳонии беҳдошт афзуд:«ин як буҳрони ҷаҳонӣ аст ва ваксинаҳо бояд ба таври одилона ба унвони колоҳои умумии ҷаҳонӣ тавзеъ шаванд, ба унвони колоҳои хусӯсие, ки нобаробариҳоро густариш медиҳанд ва далели дигаре барои ақибмондани бархе аз афрод мешаванд.»

Аданом бо ишора ба онки ҷаҳон чолишҳои дигаре низ дорад гуфт:«ҳеҷ ваксина барои фақру гуруснагӣ ва нобаробари вуҷӯд надорад. Ҳеҷ ваксина барои тағйири иқлим вуҷӯд надорад.»

Байни ширкатҳои мухталифи дорусозӣ дар саросари ҷаҳон барои тавлид ва арзаи ваксинаи Ковид 19 рақобати сахте ҷараён дорад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: