Идомаи ҳамалоти ҳавоии режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза
Порс Тудей - Ҳавопаймоҳои ҷангии режими саҳюнистӣ бори дигар манотиқи маскӯнии Борикаи Ғаззаро бомбаборон карданд, ки ба шаҳиду захмӣ шудани шуморе аз ғайринизомиёни фаластинӣ мунҷар шуд.
Ҷангандаҳои режими ишғолгар бомдоди рӯзи якшанбе, хонаеро дар урдӯгоҳи Насирот дар маркази Борикаи Ғазза ҳадаф қарор доданд, ки бар асари ин ҳамла, се фаластинӣ шаҳиду шуморе ҳам маҷрӯҳ шуданд. Чодари искони оворагони фаластинӣ дар ғарби Хон Юнус, ҷануби Борикаи Ғазза низ ҳадафи ҳамлаи ҳавоии саҳюнистҳо қарор гирифт, ки ба шаҳодати як нафар ва захмӣ шудани чаҳор тани дигар мунҷар шуд. Ҳамчунин манобеи маҳаллӣ гузориш доданд, низомиёни ишғолгар чанд сохтумони маскӯниро дар шарқи шаҳри Ғазза вайрон карданд. /Хабаргузории Садо ва симо