Ироқчӣ озими Масқат мешавад
(last modified Fri, 25 Apr 2025 12:39:40 GMT )
Апрел 25, 2025 17:39 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ озими Масқат мешавад

Порс-Тудей. Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон эълом кард, Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷа асри рӯзи ҷумъа дар раъси як ҳайати дипломативу фаннӣ - коршиносӣ барои анҷоми гуфтугӯҳои ғайримустақим бо Амрико озими Масқат хоҳад шуд.

Исмоили Бақоӣ бо ишора ба тафоҳуми ду тараф ҷиҳати баргузории нишасти фаннӣ – коршиносӣ, ҳамзамон бо ҳузури музокиракунандагони аршади ду кишвар гуфт: Бар асоси барномарезии суратгирифта тавассути мизбони уммонӣ ва тавофуқи Эрону Амрико, рӯзи шанбеи 26 апрел нишастҳои коршиносӣ ва гуфтугӯҳои ғайримустақими вазири умури хориҷаи Эрон бо намояндаи вижаи раисиҷумҳури Амрико баргузор хоҳад шуд. /Хабаргузории садо ва симо