Ироқчӣ: Эрон ба дифои машрӯъи худ бо қуват идома хоҳад дод
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i120656-Ироқчӣ_Эрон_ба_дифои_машрӯъи_худ_бо_қуват_идома_хоҳад_дод
Порс Тудей - Вазири хориҷаи Эрон дар вокуниш ба таҷовузи саҳюнистҳо гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ба дифои машрӯъи худ бо қувват идома хоҳад дод ва неруҳои мусаллаҳи мо ба вазоифи худашон бо иқтидор амал хоҳанд кард.
(last modified 2025-06-15T09:31:24+00:00 )
Июн 15, 2025 14:31 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ: Эрон ба дифои машрӯъи худ бо қуват идома хоҳад дод

Порс Тудей - Вазири хориҷаи Эрон дар вокуниш ба таҷовузи саҳюнистҳо гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ба дифои машрӯъи худ бо қувват идома хоҳад дод ва неруҳои мусаллаҳи мо ба вазоифи худашон бо иқтидор амал хоҳанд кард.

Саидаббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон бо ишора ба таҷовузи саҳюнистҳо ба Эрон гуфт: Ин бор режими саҳюнистӣ аз хати қирмизи ҷадиде дар ҳуқуқи байналмилал убӯр кард, ки ҳамла ба як таъсисоти ҳастаӣ буд, ки нақз ва як хилофи бисёр бузург аз назари ҳуқуқи байналмилал башумор меравад ва таҳти ҳар шароите мамнуъ аст ва мутаассифона бо бетафовутии Шӯрои амният мувоҷеҳ шудааст. /ИРНА