Ироқчӣ: Аврупоиҳо салоҳияти суҳбат ва бакоргирии ҳеҷ бахше аз БарҶомро надоранд
Порс Тудей – Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон шоми панҷшанбе дар бораи таҳдидҳои Аврупо мабнӣ бар фаъолсозии механизми "моша" (бозгашт-snapback) гуфт: Аврупоиҳо то 20 октябр фурсат доранд, ки snapback-ро фаъол кунанд, аммо ба назари мо онҳо ба хотири мавқеъҳояшон, аз ҷумла таъкиди онҳо бар "ғанисозии сифр", ки дар Барҷом ҳаққи ғанисозии Эрон ба расмият шинохта шудааст, салоҳияти суҳбат ва истифодаи ҳеҷ бахше аз Барҷом, аз ҷумла snapback-ро надоранд ва як чолиши ҳуқуқӣ миёни мо ва Авру
Сайид Аббос Ироқчӣ, ки барои ширкат дар маросими Арбаини Имом Ҳусайн (а) ба Карбало сафар кардааст, дар бораи фаъолсозии snapback аз сӯи Аврупо бо ишора ба ин ки касе вуҷуд доштани snapback-ро дар Барҷом инкор накардааст, гуфт: Калимаи "snapback" ба таври рӯшан дар матн наомадааст, аммо механизми он вуҷуд дорад, чун худи Ҷумҳурии Исломӣ қаблан snapback кардааст. Вазири корҳои хориҷии Эрон бо таъкид бар ин ки "snapback" яъне агар як тараф аз иҷрои ӯҳдадориҳояш худдорӣ кунад ва тарафи муқобил аз баргардондани ӯ ба иҷрои ӯҳдадориҳо ноумед шавад, метавонад ба ҳолати қабл аз Барҷом баргардад, гуфт: Мо ба аврупоиҳо гуфтем, ки онҳо ба далели риоя накардани Барҷом ва мавқеъҳои ахирашон, ки гуфтанд "ғанисозии сифр" ва амалан мисли Амрико мавқеъ гирифтанд, дигар узви Барҷом ба ҳисоб намераванд, зеро дар Барҷом, ғанисозии Эрон ба расмият шинохта шудааст ва 3,67 фоиз қабул шудааст ва агар аврупоиҳо мегӯянд "ғанисозии сифр", пас Барҷомро қабул надоранд.