Нигаронии шадиди Эрон аз нақзи оташбас дар Ғазза
Порс Тудей - Вазири умури хориҷаи Эрон нисбат ба мавориди нақзи фоҳиши тавофуқи оташбас дар Борикаи Ғазза аз сӯи режими саҳюнистӣ, ибрози нигаронӣ кард.
Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дар тамоси телефонии Бадар Абдулъотӣ, вазири умури хориҷаи Миср дар бораи охирин вазъияти Ғазза пас аз тафоҳуми сӯратгирифта барои таваққуфи наслкушӣ табодули назар кард.
Вазири умури хориҷаи Эрон бо ибрози нигаронии шадид нисбат ба мавориди нақзи фоҳиши тавофуқи оташбас аз сӯи режими саҳюнистӣ тайи чандрӯзи гузашта, ки боиси шаҳиду маҷрӯҳ шудани даҳҳо фаластинӣ шуд, бар масъулияти зоминони оташбас ва кулли ҷомеъаи байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз идомаи куштору ҷиноёти режими саҳюнистӣ таъкид кард. /Садо ва симо