Шаҳодати 3 фаластинӣ дар нуқоти мухталифи Ғазза
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i123784-Шаҳодати_3_фаластинӣ_дар_нуқоти_мухталифи_Ғазза
Порс Тудей - Дар идомаи нақзи мукаррари тавофуқи оташбас, ҳамалоти ҳавоӣ ва заминии режими саҳюнистӣ дар Борикаи Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ ба шаҳодату захмӣ шудани шуморе аз фаластиниён анҷомид.
(last modified 2026-01-11T04:34:47+00:00 )
Январ 11, 2026 09:33 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати 3 фаластинӣ дар нуқоти мухталифи Ғазза

Порс Тудей - Дар идомаи нақзи мукаррари тавофуқи оташбас, ҳамалоти ҳавоӣ ва заминии режими саҳюнистӣ дар Борикаи Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ ба шаҳодату захмӣ шудани шуморе аз фаластиниён анҷомид.

Бар асари ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи Борикаи Ғазза, аз ҷумла Ҷаболиё, Рафаҳ ва Ал Бариҷ, се фаластинӣ ба шаҳодат расиданду теъдоде захмӣ шуданд. Ҳамзамон дар Каронаи Бохтарӣ низ чанд фаластинӣ дар шаҳрҳои Қалқилия, Ал Халил ва Салафят боздошт ва як ҷавон дар Ал Халил ба шаҳодат расид. Шаҳракнишинони саҳюнист низ бо юриш ба рӯстоҳо, иқдом ба лату куби шаҳрвандон карданд; иқдомоте, ки нақзи ошкори оташбас маҳсӯб мешавад. / ИРНА