Декабр 19, 2016 13:01 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти раҳбари инқилоби исломӣ ба муносибати даргузашти Оятуллоҳ Воиззодаи Хуросонӣ

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо судури паёме даргузашти олими фарзона марҳум Оятуллоҳ Воиззодаи Хуросониро таслият гуфтанд.

Раҳбари инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати даргузашти Оятуллоҳ Воиззодаи Хуросонӣ, бо орзуи раҳмат ва мағфират барои руҳи он олими бузургвор, ин зойиаро ба бозмондагони эшон таслият гуфтанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёми таслияти худ, Оятуллоҳ Воиззодаи Хуросониро рӯҳони бузургвор ва пуркор ва равшанбин хонданд, ки дар умри пурбаракати хеш ба таҳқиқоти бадеъ дар улум Қуръонӣ ва таърих ва калом пардохта буд.

Оятуллоҳ Муҳаммад Воиззодаи Хуросонӣ, ноиб раиси Иттиҳоди уламои мусалмон ва узви Шӯрои олии Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиб рӯз шанбе дар синни 91 солагӣ дори фонии видоъро гуфт.

 

Барчасп