Сарлашкар Боқирӣ: Густариши дипломатияи минтақаии Ҷумҳурии исломии Эрон роҳбурди бурд – бурд аст
Раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ, таъкид кард, густариши дипломасии минтақаии Ҷумҳурии исломии Эрон бо кишварҳои минтақа дар воқеъ як роҳбурди буруд – бурд аст.
Сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ бо ҳузур дар сафоратхонаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар Масқат бо Алии Наҷафӣ, сафири Эрон дар Уммон ва дигар аъзои ин сафоратхона дидору гуфтугӯ кард.
Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон, ба даъвати ҳамтои уммонии худ ба Масқат рафтааст.
Раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ дар ҷамъи коркунони сафоратхона Эрон дар Масқат гуфт, натоиҷи муваффақиятҳои дипломасӣ дар абъоди мухталиф, ҳосили халлоқияти ҳамаи коркунони ин маҷмӯъаи дипломасӣ аст, ки ба навбаи худ саҳми басазое дар иртиқои сатҳи шинохти Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин минтақаи муҳимро дорад.
Сарлашкар Боқирӣ, афзуд, тавсеа ва густариши дипломасии минтақаӣ ва дифоӣ, яке аз шохисҳои муҳими дипломасӣ дар ҷаҳон асту густариши дипломасии минтақаии Ҷумҳурии исломии Эрон бо кишварҳои минтақа дар воқеъ як роҳбурди бурд – бурд аст.