Декабр 22, 2016 19:04 Asia/Dushanbe

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз дар Остона, пойтахти Қазоқистон бо Нурсултон Назарбоев дидор карда, 5 санади ҳамкорӣ ба имзо расонд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо раисҷумҳури Қазоқистон гуфт, шароит барои рушди беш аз пеши равобити Теҳрону Остона омодааст.  Раисҷумҳури Қазоқистон ҳам Эронро дӯсту ҳамсояи мутмаин тавсиф карда афзуд: “Мо ҳеҷ гоҳ, ҳатто замоне ки Эрон дар таҳрим буд, равобитамонро бо ин кишвар коҳиш надодем ва дар музокироти ҳастаӣ ҳам то он ҷо ки аз уҳдаи мо бармеомад, ба ҳалли масъала ва барои кӯмак ба ин кишвари дӯсту ҳамсоя иқдом кардем”.

Гузориши Ҷаъфари Азизӣ аз сафари Рӯҳонӣ ба Қазоқистон.