Иди бузурги Ғадир муборак бод
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i104566-Иди_бузурги_Ғадир_муборак_бод
Ҷумъа 7 июл, ҳаждаҳуми зилҳаҷҷа, иди бузурги мусалмонон–иди Ғадир аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 06, 2023 17:50 Asia/Dushanbe
  • Иди бузурги Ғадир муборак бод

Ҷумъа 7 июл, ҳаждаҳуми зилҳаҷҷа, иди бузурги мусалмонон–иди Ғадир аст.

Дар чунин рӯзе Расули гиромии Ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо ( с ) дар масири бозгашт аз охирин сафари Ҳаҷҷи худ мавсум ба ҳаҷҷатулвидоъ дар ҷамъи садҳо нафар аз мусулмонони бозгашта аз сафари Ҳаҷ ба фармони илоҳӣ ҳазрати Алӣ бин Абитолиб алайҳис-саломро ба унвони валии муъминон,васӣ ва ҷонишини пас аз худ ба мусулмонон муаррифӣ карданд .
Рӯзи иди Ғадир бар асоси ояи 3 сураи Моида-рӯзи комил шудани дини Худо ва такмили рисолати ҳазрати Хотамуланбиё ( с ) ва тамом шудани неъмат бар мусулмонон аст .
Нузули ояи сеюми  сураи Моида

الْیوْمَ أَکمَلْتُ لَکمْ دینَکمْ وَ أَتْمَمْتُ عَلَیکمْ نِعْمَتی وَ رَضیتُ لَکمُ الْإِسْلامَ دیناً

“Имрӯз дини Шуморо комил ва неъмати худро бар шумо тамом кардаму дайни исломро барои Шумо писандидам . » аҳамияти ҷонишинии баъд аз Паёмбар ( с )-ро нишон медиҳад.
Сайти Порстудейи тоҷикӣ фаро расидани иди саиди Ғадирро ба ҳамаи мусулмонон ба хусус мухотабони гиромӣ табрик мегуяд.