Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ: Ниҳодҳои амниятӣ таҳарукоти террористиро дар нутфа нобуд кунанд
-
Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ: Ниҳодҳои амниятӣ таҳарукоти террористиро дар нутфа нобуд кунанд
Оятуллоҳ Носири Макорими Шерозӣ аз мароҷеъи тақлид дар паёми таслият дар пайи ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Аҳмад ибни Мусо(а) ва шаҳодат ва маҷруҳияти теъдоди ҳамватанон гуфт: Ниҳодҳои амниятӣ таҳарукоти террористиро дар нутфа нобуд кунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ин паём омада аст: Хабари ҷасорати муҷадад ба ҳарами ҳазрати Аҳмад ибни Мусо ва шаҳодат ва ҷароҳати теъдоди аз ҳамватанон ва зоирони он ҳарами мутаҳҳар сабаби таъалум ва таъасури шадид шуд.
Дар ин паём омада аст: Қатъан ин ҷоноёт аз сари забуни ва хории соҳибони қалбҳо ва зеҳнҳои сиёҳ ва мунҳариф барномарези ва иҷро шуд, ки мавриди ҳимояти моли, таблиғоти ва иттилоъотии душманони қасамхурдаи ислом ва уммати вилоӣ Эрон ҳастанд.
Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ таъкид кард бо ҷонифишонии азизон ва неруҳои шуҷоъи ҳозир дар маҳал пеши ҷиноятҳои бузург гирифта шуд вале бар неруҳо ва масъулони амниятӣ ва интизомии кишвар лозим аст бо талоши ҷидди худ бистари ин ҳаракотро барчида ва ингуна ҷиноятҳоро дар нуфта нобуд намоянд.