Исломӣ: Дониши ҳастаӣ бо вуҷӯди харобкориҳои 20 сола ба даст омад
Раиси Созмони энержии атомии Эрон гуфт, дониши ҳастаии Эрон, ки пешронаи ҳама саноеъ аст, дар ҳоле ба даст омада, ки дар 20 соли гузашта харобкориҳои санъатии зиёде дар ин ҳавза шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммади Исломӣ, дар ойини баҳрабардорӣ аз махзани оби 100 ҳазор метри мукаабии Табрез, устони Озарбойҷони ғарбӣ ( шимоли ғарби Эрон) гуфт, террори донишмандон, таҳрим, амалиёти равонӣ, мутавассил шудан ба созмонҳои байналмилалӣ барои эъмоли фишори бештар натавонист монеъи пешрафти дониши ҳастаии Эрон шавад.
Вай тасреҳ кард, ҳамакнӯн Созмони энержии атомии Эрон дар тавлиди радиодоруҳо ҷузви аввалинҳост. Оби сангинҳои тавлидӣ пешрони фанноварӣ дар кишвар аст ва дар бахши дарвозаи электронӣ, низ занҷираи арзиши қудратманд эҷод шудааст.
Исломӣ бо ишора ба фавоиди баҳрагирӣ аз фанноварии ҳастаӣ дар нигаҳдошти маҳсӯлоти кишоварзӣ тасреҳ кард, 30 дарсади маҳсӯлоти кишоварзӣ ба сӯрати зойеот ҳадар меравад, ки дар бахши кишоварзӣ 40 миллион тон мешавад аз ин рӯ, бо партавдиҳӣ, ҷилави ин зиён гирифта мешавад ва истифода аз партавдиҳӣ метавонад, мавонеъи содироти кишоварзии моро рафъ мекунад.