Сентябр 06, 2023 17:52 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Ҳамеша ҳусайнӣ зиндагӣ кунед ва ҳусайнӣ бимонед
    Раҳбари инқилоб: Ҳамеша ҳусайнӣ зиндагӣ кунед ва ҳусайнӣ бимонед

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар маросими азодории донишҷӯён ба муносибати Арбаини Ҳусайнӣ таъкид карданд, агар истиқомат кардед, қулларо фатҳ хоҳед кард.

Ҳамзамон бо Арбаини Ҳусайнӣ маросими азодорӣ бо ҳузури ҷамъи зиёде аз ҳайатҳои донишҷӯӣ субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ баргузор шуд.

Дар ин маросим дар васфи ҳазрати Абоабдиллоҳил Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои эшон марсиясароӣ ва зиёрати Арбаин низ қироат шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ  Хоманаӣ дар суханоне ҳар як аз маҷолиси азодорӣ ва тавассул ба имом Хусайн (а)-ро заминаи иттисолу иртибот бо нури лоязоли маънавияту машъали фурӯзони ҳусайнӣ ва роҳкушо хонданду таъкид карданд: Муҳимтарин мавзуъ ҳифзи ин иттисолу иртибот бо сироти мустақим аст, ки лозимаи он ирода ва истиқомат аст.

Эшон хотирнишон карданд, агар истиқомат кардед, қулларо фатҳ хоҳед кард ва ба қуллаи ҳокимияти дини Худо ва ҳокимияти ҳақ ва адл хоҳед расид.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар ин ки ҷавонон мояи умед ҳастанд, ба ҳузури пуршукӯҳи мардум, ба вижа ҷавонон дар роҳпаймоии Арбаин аз Наҷаф то Карбало ва ҳамчунин дар дигар шаҳрҳои кишвар ишора карданду хитоб ба ҷавонон гуфтанд: Ҳамон гуна ки дар масири роҳпаймоии Арбаин бо истеҳком ҳаракат кардед, дар роҳи ҳокимияти тавҳид низ мустаҳкаму ҳамроҳ бо ирода бошед ва ҳамеша ҳусайнӣ зиндагӣ кунед ва ҳусайнӣ бимонед.