Бозикуни миллипӯши тоҷик ба тамрини Персполис баргашт
Ваҳдат Ҳаннонов имрӯз ба тамриноти тими Персполис изофа шуд.
Сурхпушони Эрон тамрини имрӯзро бо ҳузури бозикуни миллипӯши тоҷикистонии худ баргузор карданд.
Ибтидо бозикунон ҳаракоти кашишӣ ва нармиширо анҷом доданд ва дар бахши баъдӣ паскориҳои кӯтоҳу таркибиро дар барнома доштанд. Пас аз он бозикунон ба ду гуруҳ тақсим шуданд ва тибқи барномаҳои вижаи кадри фаннӣ ба мурури корҳои тактикӣ пардохтанд.
Як гуруҳ ба анҷоми корҳои дифоӣ пардохтанд ва соири бозикунон зарбазанӣ ба самти дарвозаро иҷро карданд ва дар поён бо назорати вижа ва барномаҳои тактикӣ аз сӯи кадри фаннӣ футболи дарунтимӣ дар дастури кор қарор гирифт.
Ваҳдат Ҳаннонов-миллипӯши тоҷикистонии Персполис пас аз урдӯи тими миллии кишвараш имрӯз ба ҷамъи сурхпушон илова шуд . Тамрини имрӯз ҳудӯди 70 дақиқа ба тӯл анҷомид.
Тими футболи Персполис имрӯз сешанбе як ҷаласаи тамринӣ дар барнома дорад ва рӯзи чаҳоршанбе дар як бозии тадорукотӣ ба масофи тими Малавони бандари Анзалӣ хоҳад рафт.