Генерал Саломӣ: Таҳоҷумоти расонаҳо зидди Эрон мисли бомбаборони ҳастаӣ Хиросима аст
(last modified Tue, 26 Sep 2023 12:33:14 GMT )
Сентябр 26, 2023 17:33 Asia/Dushanbe
  • Генерал Саломӣ: Таҳоҷумоти расонаҳо зидди Эрон мисли бомбаборони ҳастаӣ Хиросима аст
    Генерал Саломӣ: Таҳоҷумоти расонаҳо зидди Эрон мисли бомбаборони ҳастаӣ Хиросима аст

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таҳоҷумоти душманон зидди ҷавонони Эронро ба бомбаборони ҳастаӣ Хиросима ва Нагасакии Ҷопон ташбеҳ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон генерал Ҳусейни Саломӣ фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон дар гирдиҳамоӣ исоргарони донишгоҳи Теҳрон бо баёни ин ки донишгоҳ мазҳар эътибор ва шахсияти ҷаҳонии Эрон аст изҳор кард имруз душманон барои тахриби зеҳнҳо, тасхири қалбҳо, тасалут ба фазои андеша ва тафакур ва боварҳои ҷавонони Эрон донишгоҳро нуқтаи марказии тамоми талошҳои худ қарор доданд.

Генерал Саломӣ бо таъкид бар ин ки миллати Эрон бо таҳрими иқтисодӣ таҳоҷуми сангини фарҳангӣ ва амалиёти равонии ҷаҳони ру ба ру аст хотирнишон кард раҳбарони кишварҳои бузург ва ҳамаи террористҳои ҷаҳон бо Эрон дар ситиз буда ва ҳастанд ва агар Ҷумҳурии Исломӣ як лаҳза ғафлат кунад сарнавишти кишвар тағир мекунад.

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таъкид кард: Таҳоҷумоти расонаӣ, фазои маҷози барои ғалаба бар андешаи ҷавонони Эрон ҷизи шабиҳи ба истифода аз силоҳои куштори ҷамъи дар Хиросима ва Нагасаки дар поёни ҷанги ҷаҳонии дувум аст.