Октябр 16, 2023 11:04 Asia/Dushanbe
  • Абдуллоҳён : Дар сурати ҳамлаи заминӣ ، Ғазза ба гуристони ишғолгарон табдил мешавад
    Абдуллоҳён : Дар сурати ҳамлаи заминӣ ، Ғазза ба гуристони ишғолгарон табдил мешавад

Вазири умури хориҷаи Эрони нисбат ба густариши ҷабҳаҳои даргирӣ дар сурати мутаваққиф нашудани таҷовузҳои низомии режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза ҳушдор дод.

«Ҳусайн Аамирабдуллоҳиён » вазири умури хориҷа рӯзи якшанбе дар гуфтугў бо шабакаи телевизионии Алҷазира дар Дуҳаи  Қатар таъкид кард, ки агар таҷовузҳои режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза мутаваққиф нашавад, густариши ҷабҳаҳои ҷанг баъид нахоҳад буд ва  эҳтимоли ин амр ҳар лаҳза бештар мешавад. Амирабдуллоҳиён тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба режими саҳюнистӣ аз тариқи ҳомиёнаш эълом кардааст, ки агар ҷиноятҳояш дар Ғазза мутаваққиф нашавад, фардо дер хоҳад буд. Раиси дастгоҳи дипломасии Эрон иброз умедворӣ кард талошҳои сиёсӣ монеъи густариши доира ҷанг шавад дар ғайри ин сурат ҳеҷ кас намедонад, ки дар соати оянда  чӣ иттифоқе рӯх хоҳад дод. Дипломати аршади Эрон ҳамчунин ҳушдор дод, Ҷумҳурии Исломии Эрон наметавонад нисбат ба идомаи таҳоҷуми режими саҳюнистӣ ба сарзаминҳои ишғолӣ тамошочи бошад. Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, ки агар Амрико ва  режими саҳюнистӣ сиёсатҳои таҳоҷум ва  ишғол дар Фаластинро мутаваққиф накунанд, доираи ҷанг мутаваққиф нахоҳад шуд ва агар доираи ҷанг густариш ёбад Амрико низ  ба хисоратҳои сангине мутаҳаммил хоҳад шуд.