Ноябр 28, 2023 13:20 Asia/Dushanbe
  • Октябри соли ҷорӣ тавлиди саноъати фӯлоди Эрон 700 ҳазор тонна афзоиш ёфт

Анҷумани ҷаҳонии фӯлод эълом кард саноъати фӯлодсозии Эрон октябри имсол (1 то то 31 октябр 2023) 3 миллиону 100 ҳазор тонна фӯлоди хом тавлид кард, ки бо таваҷҷуҳ ба тавлиди ду миллиону чаҳорсад ҳазор тони фӯлод дар сентябри соли ҷорӣ рушди 700 ҳазор тониро нишон медиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Анҷумани ҷаҳонии фӯлод дар гузориши мизони тавлиди ҷаҳонии фӯлоди хом барои моҳи октяябри 2023 тасреҳ кард: Тавлиди ҷаҳонии фӯлоди хом дар ин моҳ ба 150 миллион тонна расид, ки 0.6 дарсад нисбат ба тавлиди «октябр»и соли 2022 афзоиш доштааст.

 Ин санад, ки бар асоси иттилооти гузоришшуда 63 кишвар тавлидкунандаи фӯлод ба ин анҷуман гирдоварӣ шудааст, нишон медиҳад, ки бо вуҷуди коҳиши тавлид октябри соли 2023 се кишвар аз 10 кишвари аввали тавлидкунандаи фӯлоди ҷаҳон, нисбат ба тавлиди ҳамин моҳ дар соли 2022, мизони тавлиди фӯлод дар ҳафт кишвар Ҳинд, Япония, Амрико, Русия, Кореяи ҷанубӣ, Туркия ва Эрон афзоиш доштааст.

 Гузориши Анҷумани ҷаҳонии фӯлод ҳикоят аз рушди 3.5 дарсадии тавлиди фӯлоди Эрон нисбат ба соли гузашта дорад.

 Бар асоси ин гузориш, саноъати фӯлодсозии Эрон, октябри имсол 3 миллиону 100 ҳазор тонна фӯлоди хом тавлид кард, ки нисбат ба мизони тавлиди фӯлод дар октябри сол қабл рушди 3.5 дарсадиро нишон медиҳад.

 Бар асоси ин гузориши саноъати фӯлоди Эрон бо тавлиди се миллиону яксад ҳазор тонна фӯлоди хом дар октябри имсол, аз назари мизони тавлиди моҳиёна (моҳи октябр) дар рутбаи ҳафтуми фӯлодсозони бартари ҷаҳон қарор гирифт; ҳарчанд, ки аз назари мизони кулли тавлид дар 10 моҳи гузашта, Эрон бо тавлиди 25 миллион 100 ҳазор тонна чун гузашта даҳумин фӯлодсози бартари ҷаҳон аст.

Анҷумани ҷаҳонии фӯлод (worldsteel) яке аз бузургтарин ва пӯётарин анҷуманҳои саноъатӣ дар ҷаҳон аст, ки тамоми кишварҳои бузурги тавлидкунандаи фӯлод дар он узвият доранд.