Феврал 10, 2024 12:59 Asia/Dushanbe
  •   Баргузории ҷашни солгарди пирӯзии Инқилоби исломии Эрон дар Тоҷикистон

Маросими чиҳилу панҷумин солрузи пирӯзии Инқилоби исломии Эрон дар шаҳри Душанбе бо ҳузури ҷамъи касире аз мақомот ва шахсиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, сафирон, дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими ин кишвар баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,ин маросим ва рӯзи миллии Эрон бо ҳузури Далер Ҷумъа-вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва раиси тарафи тоҷикистонии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, соир мақомот ва шахсиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, сафирон, дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқим ин кишвар баргузор шуд.

 Алиризо Ҳақиқиён-сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни қадрдонӣ аз ҳузури меҳмонон дар ин маросим гуфт: 45 сол пеш дар даврони низоми дуқутбӣ, миллати сарафрози Эрон ба раҳбарӣ ва заомати бузургмарди таърихи башарият, ҳазрати Имом Хумайнӣ (ра) ва бо шиори “Истиқлол – Озодӣ – Ҷумҳури исломӣ, режими ситамшоҳии вобаста ба Ғарб ва ҳоким бар Эронро сарнагун кард ва ҳаққи таъйини сарнавишти худро ба даст гирифт. Пас аз он низоми истикбории Шарқ ва Ғарб бо навъҳои гуногуни дасиса ва тавтеа, аз ҷумла бакоргирии гурӯҳакҳои муздури террористӣ ва анҷоми кудато, таҳмили 8 сол ҷанг ва эҷоди таҳримҳои золимона талош кард, монеъи дастёбии мардуми Эрон ба аҳдофшон шавад.

 Вай идома дод: Аммо мардуми ғаюр ва муқовими Эрон, таҳти раҳбарии доҳиёнаи Мақоми муаззами раҳбарӣ бо такя бар тавони худ ва истеъдодҳо ва зарфиятҳои дохилӣ, алорағми вуҷуди таҳримҳои золимона, тавонистанд қулаҳои пешрафтро фатҳ карда ва дастовардҳои фаровонеро дар ҷиҳати худкифоӣ дар арсаҳои мухталиф ва ба вежа дар ҳавзаҳои илмӣ, саноъатӣ, дифоъӣ, фановариҳои нав ва энергияи сулҳомези ҳастаӣ касб намоянд.

 Ҳақиқиён бо ишора ба пешрафтҳои Ҷумҳурии исломӣ дар арсаҳои мухталиф ва ба хусус илмӣ ва фановарӣ, изҳор дошт: Дар ҳоли ҳозир фаъолияти беш аз 7500 ширкати донишбунён дар экосистемаи фановарӣ ва навоварии Эрон,сабаби арзаи беш аз 18 ҳазор маҳсули фановарона дар ҳавзаҳои фановарии мухталиф, аз ҷумла маводи химиёвӣ, электроника, таҷҳизоти пешрафтаи саноъатӣ,фановарӣ иттилоот, дору ва маводи ғизои шудааст. Ҳамчунин Эрон дар арсаи фановарии фавқипешрафтаи фазоӣ, бо партоби муваффақи моҳворабари «Симурғ»-и эронӣ ба фазо ба ҷойгоҳи ҳаштумин кишвари бартари дунё дар ин арса даст ёфтааст. Моҳворабари Симурғ, ахиран дар ҷадидтарин партоби худ муваффақ шуд барои аввалин бор чандин моҳвораро ба таври ҳамзамон ба мадори бо баландии камина 450 километр ва  баландии бешинаи 1100 километрӣ равона кунад.

 Алиризо Ҳақиқиён бо баёни инки «Эрон соҳиби яке аз куҳантарин тамаддунҳои башарӣ дар тӯли таърих аст», тасреҳ кард: Ба ин далел аз зарфиятҳои бисёр болое барои рушд ва густариш гардишгарӣ бархурдор буда ва бар асоси гузориши Созмони ҷаҳонии гардишгарӣ, Эрон ҷузъи даҳ кишвари аввали ҷозибаҳои бостонӣ ва таърихӣ мебошад ва рутбаи панҷуми ҷозибаҳои табиӣ дар ҷаҳонро доро аст.

 

Барчасп