Баргузории бошукӯҳи ҷашни пирӯзии инқилоб дар саросари Эрони исломӣ
Ширкаткунандагон дар роҳпаймоии 22 баҳман эълом карданд: Инқилоби исломии Эрон бо иқтидори зотии худ, рӯҳи тозае дар колбуди уммати исломӣ дамидааст ва “гуфтумони муқовимат ва зулмситезӣ”-ро густариш дод.
Имрӯз (якшанбе) 22 баҳманмоҳи 1402 мусодиф бо 11 феврали 2024 45-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломии Эрон аст. Мардуми Эрони исломӣ имсол низ ҳамонанди солҳои гузашта аз ақшори мухталиф дар 1400 шаҳр ва 38 ҳазор рӯстои Эрон дар роҳпаймоии 22 баҳман ҳузуре ҳамосӣ ва пуршуре доштанд.
Дар поёни маросими роҳпаймоии 22 баҳман ширкаткунандагон дар қатъномае зимни таҷдиди паймон бо ормонҳои Инқилоби исломии Эрон, имом Хумайнӣ (раҳ.) ва Раҳбари муазами Инқилоби исломӣ эълом карданд: Инқилоби исломии Эрон бо иқтидори зотии худ, рӯҳи тозае дар колбуди уммати исломӣ дамида ва бо густариши “ гуфтумони муқовимату зулмситезӣ”ва арсаҳои тақобули роҳбурдӣ бо низоми султа ва истикбор ба фаросӯи ҷуғрофиёии Эрони исломӣ, фасли навинеро фарорӯи ҷомеъаи башарӣ қарор дода ва навидбахши зуҳӯри “ҳандасаи қудрат ва назми навини ҷаҳонӣ” шудааст.
Бештар бихонед: