Бандари Чобаҳори Эрон амнтарин масир барои тоҷирони Афғонистон аст
Сухангӯи Утоқи саноеъ ва маодини Афғонистон гуфт, бандари Чобаҳор дар устони Систон ва Балучистон, дар ҷанубу шарқи Эрон, арзонтарин ва амнтарин масир барои тоҷирон ва фаъолони ҳавзаи саноеъи Афғонистон аст.
Дар беш аз ду соли гузашта мубодилоти тиҷорӣ миёни Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, афзоиши чашмгир доштааст ва мақомоти баландпояи ду кишвар низ бар густариши ин мубодилот таъкид карданд.
Масъулони Утоқи саноеъ ва маодини Афғонистон афзоиши мубодилоти тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эронро ба нафъи ҳар ду кишвар хонда ва мӯътақиданд, ки ҳар ду кишвар таҳти таҳримҳои якҷонибаи Ғарб қарор доранд ва ба ҳамин далел бозори тиҷорат миёни ҳар ду кишвар, барои ҳамдигар муносибтарин бозор аст.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Абдулмаъид Ҳошимӣ- сухангӯи Утоқи саноеъ ва маодини Афғонистон дар бо баёни инки бояд аз зарфиятҳои азими бандари Чобаҳор, истифодаи ҳаддиаксарӣ шавад, гуфт: Хушбахтона дар беш аз ду соли гузашта, равобити иқтисодӣ миёни Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар як марҳилаи ҷадид қарор гирифтааст.
Ҳошимӣ афзуд, бандари Чобаҳор барои саноъаткорони Афғонистон нисбат ба дигар бандарҳо, арзонтар ва амнтар аст ва аз ин рӯ санъаткорони Афғонистон бояд барои воридот ва содироти хеш аз ин бандар истифода кунанд.
Сухангӯи Утоқи саноеъ ва маодини Афғонистон бо баёни инки саноъаткорон дар марҳилаи истихроҷи маодини бузурги Афғонистон қарор доранд, тасреҳ кард, ширкатҳои эронӣ ва Афғонистон, ки ба таври саҳомӣ кор мекунанд бояд корхонаҳои фароварии сангҳои қиматиро дар Кобул фаъол кунанд