Март 16, 2024 15:59 Asia/Dushanbe
  • Таҳрими бархе аз ширкатҳои вобаста ба Бонки марказии Эрон аз сӯи Амрико

Вазорати хазонадории Амрико шомгоҳи ҷумъа дар баёнияе эълом кард: Шабакаҳое аз ширкатҳо ва афродеро, ки дар интиқоли фановарии даҳҳо ширкати амрикоӣ ба ниҳодҳои эронӣ аз ҷумла Бонки марказии Эрон нақш доштанд, таҳрим кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, бар асоси ин баёния, шӯъбаҳо ва ширкатҳои вобаста ба ширкати хадамоти информотии Эрон дар Туркия ва Аморот ва се фарди муртабит бо онҳо таҳрим шудаанд. Яке аз ин афрод Пурё Мирдомодӣ-як шаҳрванди эронӣ-фронсавӣ аст.

 Вазорати хазонадории Амрико камтар аз як моҳ пеш низ эълом кард, ки се фард ва чаҳор ниҳодро ба далели интиқоли фановарии печидаи амрикоӣ ба Эрон таҳрим кард.

 Ин вазоратхона дар баёнияе эълом кард: Ин таҳримҳо се фард ва чаҳор ниҳоди муртабит бо интиқоли фановарии печидаи Амрико барои истифода тавассути Бонки маркази Эронро ҳадаф қарор додааст.

 Амрико тайи чаҳор даҳаи ахир бештарин сиёсатҳо ва иқдомоти якҷонибаро алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шаклҳои мухталиф монанди эҷоди густурдатарин таҳримҳо, таҳдиди низомӣ, ба роҳ андохтани корзорҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ва ҷанги равонӣ сурат додааст.

 Ба рағми бенатиҷа мондани сиёсатҳо ва иқдомоти якҷонибаи Амрико алайҳи Эрон, Вашингтон ҳамчунон исрор бар тадовум ин рӯйкарди ғайриқонунӣ ва бархилофи маншури Созмони Милал алайҳи Теҳрон дорад.

 

Барчасп