Баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар 95 кишвари ҷаҳон
(last modified Thu, 27 Jun 2024 12:48:06 GMT )
Июн 27, 2024 17:48 Asia/Dushanbe
  • Баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар 95 кишвари ҷаҳон

Сухангӯи Шӯрои нигаҳбони қонуни асосии Эрон гуфт, чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар 59 ҳазор шӯъбаи дохил ва 95 кишвари ҷаҳон баргузор хоҳад шуд.

Ин интихобот ҷумъа (28 июн) барои таъйини нӯҳумин раисҷумҳурӣ баргузор мешавад.

 Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Ҳодии Таҳонназиф-сухангӯи Шӯрои нигаҳбони қонуни асосии Эрон бо баёни инки муддатзамони қонунии баргузории интихоботи раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон 10 соат аст ва соати ҳашти субҳи фардо ба таври расмӣ оғоз мешавад, афзуд, бар асоси қонун ин замон қобилияти тамдид дорад ва ҳеҷ тафовуте дар ин замон дар дохил ва хориҷ вуҷуд надорад.

 Шӯрои нигаҳбони қонуни асосии Эрон бо баррасии парвандаи 80 нафар, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон сабти ном карда буданд, дар ниҳоят аз байни онҳо тибқи асли 115 Қонуни асосии Эрон, 6 нафарро таъйиди салоҳият кард.

Дар рӯзҳои ахир ва пас аз анҷоми таблиғоти интихоботӣ ва мунозираҳои телевизионӣ, то кунун 2 нафар аз ин 6 нафар аз ҳузур дар интихобот инсироф додаанд.

 Ҳамчунин ба гуфтаи Алиризо Шеруӣ- мудири кулли расонаҳои хориҷии Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон то кунун расонаҳое аз 31 кишвар аз ҷумла Олмон, Утриш, Испания, Шветсия, Австралия, Фаронса, Амрико, Англия, Италия, ҷумҳурии Озарбойҷон, Туркия , Чин, Дания, Русия, Япония, Сурия, Ироқ, Уммон, Кореяи ҷанубӣ ва Кореяи шимолӣ дархости пӯшиши хабарии интихоботи Эронро доштаанд.