Июл 02, 2024 09:34 Asia/Dushanbe
  • Бонувони муқовимат; ровиёни нақшофарин/ сензураи занони муқовимат дар расонаҳои ғарбӣ

Порс тудэй - Аввалин ҳамоиши «ҷиҳоди ривояти бонувон», дар Теҳрон баргузор шуд. Муқовимон бояд ё ровӣ бошанд ё ривоят шаванд ва дар ин байн бонувони муқовимат нақши басазое дар айнатбахшидани ин ривоёт доранд.

Ба гузориши Порс тудэй, аввалин ҳамоиши «ҷиҳоди ривояти бонувон» бо ҳузури ҳудӯди 900 нафар аз бонувони фаъоли расонаӣ, мазҳабӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ ва 25 нафар аз меҳмонони хориҷӣ бо мавзӯи «ривоятгарӣ, расонаи пойдор ва бонувони муқовимат аз Карбало то Қудс», дар салони ҳамоишҳои Садо ва симо баргузор шуд.

Дар ин нишаст, ҳуҷҷатулислом Муҳсини Қанбариён, устоди ҳавза ва донишгоҳ гуфт: «Ҳар ривояте мубтанӣ бар як руят аст ва агар дуруст набинем, наметавонем ба дурустӣ ривоят кунем».

Вай ҳамчунин бо ишора ба воқеаи Ошӯро ва нақши бебадили ҳазрати Зайнаб (ъ) ба унвони усваи занони муқовимат афзуд: « Ривояти эшон ривояте аст, ки виҷдони хуфтаи як умматро бедор кард ва онҳоро ба асли худашон баргардонад ва ин як намунаи саҳеҳ аз ривоят аст».

Вай бо таъкид бар тавонмандии болои неруии муқовимат дар минтақа ва бавижаи Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин( Ҳамос) хотирнишон кард: «имрӯз ҳамаи мардум дар Ғазза барои инки нанг напазиранд истодагӣ ва муқовимат мекунанд».

Ин устоди ҳавза ва донишгоҳ, муқовиматро дар ҳавзаҳои дигар ҳам аз иқтисодӣ ва фарҳангӣ низ муҳим баршумурд  ва афзуд, « талошҳои раисиҷумҳури шаҳид оятуллоҳ Саидиброҳими Раисӣ боис шуд то Эрон дар ҳавзаи иқтисоди муқовиматӣ, битавонад узви доими Созмони Шанхай ва Гуруҳи БРИКС шавад ва мо шоҳиди он ҳастем, ки қудрати иқтисодӣ аз ғарб ба шарқ дар ҳоли густариш аст».

Дар ин ҳамоиш ҳамчунин, ҳуҷҷатулислом Маҷиди Бобохонӣ, раиси Созмони ҳайату ташаккулҳои динии Эрон гуфт, як нигоҳи ҷадид дар фазои фарҳангии Эрон, нақши мумтози бонувонро дар пешронии ҳавзаи фарҳанг, мушаххастар месозад.

Вай ҳамчунин бар зарурати баргузории ҳамоишҳои ин чунинӣ дар ростои эҷоди ҳаракати фарҳангии азими занон таъкид кард.

Ҷаводи Рамазоннажод, раиси Маркази басиҷи Садои ва симо, дигар суханрони ин ҳамоиш, низ гуфт: «Расонаҳои ғарбӣ заноне аз шарқро муқовим ҷилва медиҳаданд, ки идомадиҳандаи фарҳанги ғарбӣ бошанд».

Вай гуфт, ғарбиҳо саъй доранд то талаққии худро аз ҳақиқат ба унвони воқеият дар расонаҳо ба мухотаб илқоъ кунанд ва дар ин замина дар бораи муқовимати занон дар Ғазза сукут мекунанд ва аз онон фақат чеҳраи мазлӯми ваҳшатзадаеро нишон медиҳанд.

Дар ҳамин робита Ҳасан Раҳимпӯри Азғадӣ, узви Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ низ, ҳазрати Зайнаб (а)-ро устоди ҷиҳоди занона ва қаҳрамони табдили сахттарин мавқеъият ба беҳтарин муваффақият тавсиф кард, ки метавон бо пайрави аз эшон ба таблиғи дурусти дин пардохт.

Паймони Ҷабалӣ, раиси Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар ин ҳамоиш, ривоятгарии муқовиматро аз назари таърихӣ, тавассути так таки афрод дар ҳавза ва ҷуғрофиёи муқовимат бисёр арзишманд шумурд.

Вай бо ишора ба ҷиноёти Исроил дар Ғазза, гуфт, муқовимати имрӯзи Фаластин яке аз натоиҷи ривоятгарӣ дар бораи сарвари шаҳидон (а) ва ҳамроҳони ӯст.

Вай афзуд, ин ривоятҳост, ки достони ҷинояти Исроил алайҳи мардуми Фаластинро зинда нигаҳ медорад.

Ҳуҷҷатулислом Алиризо Паноҳиён, дигари суханрони ин ҳамоиш, бо ном бурдан аз занони муқовимат дар давронҳои мухталифи ислом аз ҷумла ҳазрати Хадиҷаи Кубро (а), ҳазрати Заҳро (а), ҳазрати Зайнаб (а) ва ҳазрати Маъсума (а), нақши бонувонро дар ҳавзаи муқовимат ва ривояти он бисёр бо аҳамият тавсиф кард.

Иҷрои маддоҳӣ, сурӯд, шкърхонӣ ва эҳдои ҷавоиз ба занони барҷаста дар ҳавзаи муқовимат аз дигар барномаҳои аввалин ҳамоиши «ҷиҳоди ривояти бонувон» буд.

 

Барчасп