Июл 09, 2024 10:35 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии Пизишкиён ва Путин дар бораи муносиботи Теҳрон - Маскав

Владимир Путин-раисҷумҳури Русия дар тамоси телефонӣ бо Масъуд Пизишкиён-раисҷумҳури мунтахаби Эрон дар бораи тавсеаи муносиботи Теҳрон – Маскав гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Путин, ки пеш аз ин рӯзи шанбе 6 июл бо ирсоли паёме интихоби Пизишкиён ба раёсатҷумҳурии Эронро табрик гуфта буд, рӯзи душанбе низ дар ин тамоси телефонӣ дубора ин пирӯзиро ба вай табрик гуфт ва барои Пизишкиён дар масъулияти раёсатҷумҳурии исломии Эрон орзуи муваффақият кард.

 Тарафҳо дар ин тамоси телефонӣ бо ибрози хурсандӣ аз сатҳи болои равобити ҳусни ҳамҷавории Русия ва Эрон, омодагии худашонро барои ҳамкории наздик барои тавсеаи бештар ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар заминаҳои мухталиф таъйид карданд.

 Путин ва Пизишкиён ҳамчунин дар бораи барномаи тамосҳои кории оянда дар соли ҷории мелодӣ тавофуқ карданд.

 Русия, ки дар соли 2024 раёсати давраии гурӯҳи БРИКС-ро бар уҳда дорад, 22 то 24 октябр дар шаҳри Қазон мизбони нишасти сарони гурӯҳи БРИКС аз ҷумла Эрон аст.

 

Барчасп