Сентябр 06, 2024 17:13 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон : Амрико наметавонад бар собиқаи сиёҳи худ сарпӯши бигузорад
    Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон : Амрико наметавонад бар собиқаи сиёҳи худ сарпӯши бигузорад

Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон зимни ради иддаои дахолати Эрон дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико гуфт : Амрико наметавонад бар собиқаи сиёҳи худ дар умӯри дохилии кишварҳо сарпӯши бигузорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ; « Носири Канъонӣ » сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар вокуниш ба иддаои Додситони кули Амрико мабнӣ бар иқдомоти таҳоҷумии бархе кишварҳо аз ҷумла Эрон барои таъсиргузорӣ бар раванду натоиҷи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико , ин иддаоро беасос , муғризона ва дорои масорифи сиёсии дохилӣ дар Амрико донист ва чунин иттиҳомотеро мардӯд эълом кард.

Канъонӣ бо ишора ба собиқаи тӯлонии давлати Амрико дар мудохилоти ғайриқонунӣ ва иқдомоти мухарриб дар умӯри дохилии кишварҳо гуфт : Давлати Амрико , наметавонад бо иттиҳомзанӣ ба дигар кишварҳо , мушкилоту буҳронҳои дохилии худро ба соири кишварҳо мунтасаб ва бар собиқаи сиёҳи рафторҳои мудохилаҷӯёна ва фароқонунии худ дар умӯри дохилии кишварҳои мустақии сарпӯши бигузорад .

FBI ва чанд Ожонси иттилоотии дигари Амрико дар баёнияи муштарак иддао карданд , Эрон дар нуфӯзи сойберӣ ба корзори Доналд Трамп , номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва талош барои ҳак кардани ситоди интихоботии Камола Ҳарис , номзади Демукротҳо барои интихоботи раёсати Ҷумҳурӣ , даст доштааст .

Ҳамчунин Додситони кули Амрико ахирани муддаии шиддат гирифтани ҳамалоти Эрон барои таъсиргузорӣ бар корзорҳои интихоботии Амрико шуд .

Интихоби раёсати Ҷумҳурии Амрикои 5 ноябри 2024 баргузор мешавад .

Барчасп