Эрон: Саҳюнистҳо мехоҳанд ба интихоботи Амрико таъсир расонанд
(last modified Thu, 10 Oct 2024 04:42:57 GMT )
Октябр 10, 2024 09:42 Asia/Dushanbe
  • Эрон: Саҳюнистҳо мехоҳанд ба интихоботи Амрико таъсир расонанд
    Эрон: Саҳюнистҳо мехоҳанд ба интихоботи Амрико таъсир расонанд

Порс тудей- сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дар мавриди нуфузи саҳюнистҳо дар интихоботи Амрико гуфтугу кард.

Исмоил Бақоӣ, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дар шабакаи иҷтимоъии "Х" навишт: Шитоби бонди ҷинояткории режими ишғолгари Қудс дар кашидани тамоми минтақа ба ҷанги ҳамаҷониба бо ҳадаф ва нияти корбурд анҷом мешавад ба натичаи интихоботи дар пешистодаи Америка таъсири бад мерасонад. Ба гузориши Порс тудеӣ, Бақоӣ афзуд: Ҳамзамон ниҳодҳои амниятии Амрико, эҳтимолан бо фитнаи ҳадафманди режими саҳюнистӣ, Эронро ба мудохила дар умури дохилии Амрико муттаҳам мекунанд, ки ин далели гумроҳкунанда аст.

Қобили зикр аст, ки Ҷо Байдени 81-сола ҳамчун президенти 46-уми Иёлоти Муттаҳида, ки дар баҳси ахираш бо Доналд Трамп моҷароеро ба вуҷуд овард, билохира рузи 21 июли соли 2024 таҳти фишори у аз интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар канорагири кард ва Камала Ҳаррис аз ҳизби демократ ҷойгузини вай шуд.

Амрикоиҳо 5 ноябри соли 2024 барои интихоби раисиҷумҳури ояндаи Иёлоти Муттаҳида ба пойи сандуқҳои раъй мераванд. Ғолиби ин интихобот аз моҳи январи соли 2025 давраи чаҳорсолаи раёсати ҷумҳурии худро оғоз мекунад.