Афзоиши 110 дарсадии содироти маҳсӯлоти Нонуи Эрон
(last modified Thu, 31 Oct 2024 08:51:51 GMT )
Октябр 31, 2024 13:51 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 110 дарсадии содироти маҳсӯлоти Нонуи Эрон
    Афзоиши 110 дарсадии содироти маҳсӯлоти Нонуи Эрон

Порс Тудей- Ба гуфта Дабири ситоди тавсеаи фанновариҳои Нону ва микру Эрон , содироти маҳсӯлоти нонуи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли гузашта бо афзоиши 110 дарсадӣ ба 145 миллион доллар расидааст .

«Имоди Аҳмадванд » дабири ситоди тавсеаи фанновариҳои Нону ва микруи Эрон гуфт : Ҳаҷми фуруши маҳсӯлоти нонуи сохт Эрон дар соли гузашта аз назари арзиши долларии 1 миллиарду 620 миллион доллар бӯда , ки наздики 91 дарсади он дар бозори дохил ба фуруши рафта ва ҳудӯди 9 дарсад ҳам ба бозорҳои ҳадафи содир шудааст .

Ба гузориши Порс Тудей , « Имоди Аҳмадванд » дар ин замина хотирнишон кард : Мизони содироти ин навъи маҳсӯлоти эронӣ дар соли 1402 ҳиҷрии шамсӣ , 145 миллион доллар буд, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи сол қаблаш афзоиши 110 дарсадиро шоҳид бӯдааст .

Бар асоси эълом « Аҳмадванд » , 60 дарсади ин маҳсӯлот ба тартиб ба кишварҳои Ироқ , Сурия , Ҳинд , Чин ва Туркияи содир шудааст . Барасоси ин гузориш , Ироқи 33/5 миллион доллар , Сурияи 20 миллион доллар , Ҳинд 14/9 миллион доллар , Чин 10/4 миллион доллар ва Туркия 10/1 миллмон доллар дар соли гузашта маҳсӯлоти фанноварии Нонуи Эронро харидорӣ кардаанд .