Январ 17, 2017 20:38 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби 50 ҳазор муодили форсӣ барои истилоҳоти бегона

Раиси Фарҳангистони забону адабиёти форсӣ гуфт: Ин фарҳангистон дар 20 соли гузашта муваффақ шудааст, 50 ҳазор муодили форсӣ барои истилоҳоти бегона тасвиб кунад ва ба сармояи забони форсӣ биафзояд.

Ғуломалии Ҳаддоди Одил, рӯзи сешанбе дар гирдиҳамоии мудирони гурӯҳҳои забон ва адабиёти форсӣ ва эроншиносии донишгоҳҳо ва марокизи илмии хориҷ аз Эрон, бо ишора ба ҷиноятҳо ва иқдомоти террористӣ дар ҷаҳон гуфт: Кори устодони забони форсӣ хидмат ба сулҳи ҷаҳонӣ ва василае барои огоҳсозии касонест, ки дилҳояшон беҷиҳат аз кина пур шудааст .

Ҳаддоди Одил дар идома бо ишора ба иқдомоти фарҳангистони забону адаби форсӣ гуфт: Дар ин фарҳангистон 13 гурӯҳи илмӣ ва пажӯҳишӣ машғули кор ҳастанд, ки аз он ҷумла метавон ба гурӯҳи вожагузинӣ ишора кард, ки муваззаф аст, муодили форсӣ барои вожаҳои бегона пайдо кунад ва дар 20 сол гузашта тавонистааст 50 ҳазор муодили форсӣ барои истилоҳоти бегона тасвиб кунад .

Ҳаддоди Одил дар идома бо ишора ба фаъолиятҳои бунёди Саъдӣ низ гуфт, тарбияти муаллим барои омӯзиши забони форсӣ яке аз фаъолиятҳои бунёд аст ва бунёди Саъдӣ дар беш аз 200 нуқтаи дунё класси озоди омӯзиши форсӣ дорад .

Ҳаддоди Одил ҳамчунин ба тарбияти донишҷӯи риштаи вожагузинӣ бо кумаки вазорати улум дар мақтаи каршиносии аршад ишора карду афзуд: “Порсол дар ин ришта донишҷӯ пазириш кардаем ва имсол низ донишҷӯ пазириш хоҳем кард, зимни инки омодагӣ дорем, дар давраи сеюми он як донишҷӯ аз кишвари Афғонистон пазириш кунем”.