Обхездорӣ - роҳбурди ҳаётии Эрон барои муқобила бо камобӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i120556-Обхездорӣ_роҳбурди_ҳаётии_Эрон_барои_муқобила_бо_камобӣ
Обхездорӣ (соҳилмустаҳкамсозӣ) - роҳбурди ҳаётии Эрон барои муқобила бо камобӣ, биёбонзоӣ ва тазмини амнияти ғизоӣ аст.
(last modified 2025-06-10T05:56:09+00:00 )
Июн 10, 2025 10:56 Asia/Dushanbe

Обхездорӣ (соҳилмустаҳкамсозӣ) - роҳбурди ҳаётии Эрон барои муқобила бо камобӣ, биёбонзоӣ ва тазмини амнияти ғизоӣ аст.

Обхездорӣ ба маънои мудирияти манобеи об дар як ҳавзаи обхез (watershed) аст. Ба иборати содатар, ин шомили барномарезӣ ва иқдомоте мешавад, ки барои ҳифз ва баҳрабардории пойдор аз обу манобеи табиӣ дар як минтақаи хос анҷом мешавад. Ин фаъолиятҳо мумкин аст шомили кошти пӯшиши гиёҳӣ, ҷилавгирӣ аз фарсоиши хок, мудирияти обҳои сатҳӣ ва зеризаминӣ ва эҷоди зерсохтҳои обёрӣ бошад.