Фармондеҳи кулли артиши Эрон: Амрикоиҳо посухи қотеона дарёфт хоҳанд кард
-
Амири сарлашкар Амир Ҳотамӣ, фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии исломии Эрон
Порс-Тудей. Фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дар вокуниш ба ҳамлаи Амрико ба таъсисоти ҳастаии Эрон гуфт, амрикоиҳо ҳар бор ки даст ба ҷиноёт заданд, посухи қотеона дарёфт карданд ва ин бор ҳам ба ҳамин тартиб хоҳад буд.
Амири сарлашкар Амир Ҳотамӣ, фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи душанбе дар иртиботи тасвирӣ аз қароргоҳи марказии Зулфиқор, бо фармондеҳони олирутбаи артиш, мустақар дар манотиқи мухталифи Эрон гуфтугӯ кард.
Ба гузориши Порс-Тудей, сарлашкар Ҳотамӣ зимни худоқувват ба фармондеҳону оҳоди размандагони артиши Эрон ва қадрдонӣ аз талошҳои суратгирифта дар ҷиҳати муқобила бо режими саҳюнистӣ ва гиромидошти ёди шуҳадои ин ҷангу орзӯи саломатӣ барои маҷруҳон изҳор дошт, маъмуриятҳои муваффақи Неруҳои мусаллаҳи Эрон дар ин муддат муҷиб шуд, душман дар бораи корҳои худаш эҳсоси муваффақият надошта бошад, ба тавре, ки маҷбур шуд суроғи масъули аслии ин ҷиноёт биравад ва ӯро мустақиман вориди даргирӣ бо Ҷумҳурии исломии Эрон кунад.
Вай идома дод: Мо дар тӯли таърихи инқилоби исломӣ ва ҳатто пеш аз инқилоби исломӣ, борҳои шоҳиди ҷиноят аз тарафи амрикоиҳо будаем ва ин мавзӯи ҷадиде нест. Дар соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ ва дар тӯли даврони Дифои муқаддас, ба вижа авохири он даврон, мукарраран шоҳиди иртикоби ҷиноёт тавассути амрикоиҳо будем. Онон ҳар бор, ки даст ба ҷиноёт заданд, посухи қотеона дарёфт карданд ва ин бор ҳам ба ҳамин тартиб хоҳад буд.
Сарлашкар Ҳотамӣ дар идома, зимни пойбандии ҳамешагии артиши Эрон ба шиори “Артиш фидои миллат” ёдоварӣ кард: Кори бузурги мардуми Эрон дар рӯзи ҷумъа ва ҳузурашон дар саҳна, масъулияти моро дучандон кард. Мо имрӯз ба шиори худ пойбандтар аз гузаштаем ва аз истиқлолу тамомияти арзии кишвару низоми муқаддаси Ҷумҳурии исломии Эрон, ки бузургтарин ҳомии истиқлолу тамомияти арзии кишвар аст, бо тамоми қуво дифоъ хоҳем кард.
Фармондеҳи кулли артиши Эрон бо баёни инки мо барои пирӯзӣ хоҳем ҷангид, гуфт: Мо шаҳодатро файзе бузург медонем, аммо алъон барои пирӯзӣ меҷангем. Аз фармондеҳону оҳоди размандагон мехоҳам бо халлоқият, ибтикор, қудрату ақлоният, тарҳҳои иблоғии қароргоҳи марказии ҳазрати Хотамуланбиё (с) ва қароргоҳи амалиётии Зулфиқори артиши Ҷумҳурии исломии Эронро иҷроӣ кунанд ва мутмаин бошанд, ки муҷиби ифтихори миллати Эрону фармондеҳии муаззами кулли қуво ҳастанду иншоАллоҳ нусрати илоҳӣ шомили ҳоламон шудаву пирӯзӣ ҳосил хоҳад шуд ва ин ваъдаи қатъии Худованди мутаол аст.
Дар поёни ин нишаст, амири дарёдор Сайидмаҳмуди Мӯсавӣ, муовини амалиёти артиши Эрон гузорише аз раванди иқдомоту амалиётҳои анҷомшуда ва дар дасти иҷрои артишро ба амири сарлашкар Ҳотамӣ, фармондеҳи кулли артиш ироа кард.