Ғазза дар имтидоди тарожди Сребренитса
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i120954
Порс тудей- Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати 30-умин солгарди наслкушии Сребренитса паёми содир кард.
(last modified 2025-07-12T09:16:15+00:00 )
Июл 12, 2025 14:13 Asia/Dushanbe
  • Ғазза дар имтидоди тарожди Сребренитса
    Ғазза дар имтидоди тарожди Сребренитса

Порс тудей- Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати 30-умин солгарди наслкушии Сребренитса паёми содир кард.

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар 30-умин солгарди наслкушии Сребренитса дар паёме навишт: Агар воқеан ҷаҳон аз ин фоҷеа дарс мегирифт, имрӯз шоҳиди як наслкушии дигаре зидди мусалмонон намебудем, ин дафъа дар Ғазза. Ба гузориши Порс тудей, ин ҷумлаи кӯтоҳи Сайид Аббоси Арақчӣ талхтарин ҳақиқати замони моро дорад; ҳақиқате, ки нишон медиҳад, ки натанҳо хотираи таърихии ҷаҳон интихобӣ аст, балки иродаи сиёсие, ки онро идора мекунад, воқеан имкон додааст, ки ҳамон ҷиноятҳо такрор шаванд.

Арақчӣ дар идома бо ишора ба тасмими Созмони Милал барои номгузори 11 июлро ба унвони "Рузи ҷаҳонии ёдбуди наслкушии Сребренитса ин рузро ёдовари нангини барои онҳо донист, ки ё дар ин ҷинояти ваҳшатнок ҳамдаст буданд ё бо сукути худ роҳро барои қатли оми ҳазорон мусалмони бегуноҳ ҳамвор карданд.

Дар 11 июли соли 1995 ҷанги Босния ба авҷи хушунат расид. Шаҳри Сребренитса, ки Созмони Милал барои мардуми мусалмон "минтақаи амн" эълон кардааст, ба дасти шибҳинзомиёни нажодпарасти сербҳои боснӣ таҳти раҳбарии Ратко Младич суқут кард. Ҳудуди ду ҳазор серби нажодпараст ва қотил дар баробари чашмҳои бетафовути дунё ва дар ҳузури неруҳои Ҳоландии кулоҳ обии Созмони Милал беш аз 8 ҳазор марду писари мусалмони бусониро танҳо ба ҷурми таъалуқи дини ва қавми ба сурати систематик аз хонаводаҳояшон ҷудо ба урдугоҳҳои мувақат мунтақил ва дастаҷамъи эъдом карданд.

Ин қатл чунон дақиқ ва бодиққат тарҳрезӣ шуда буд, ки ҳатто қабрҳо борҳо барои пинҳон кардани ҳақиқат ҳаракат мекарданд. Ҳукуматҳои ғарбӣ, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, бо донистани азми сербҳо ба куштори дастаҷамъӣ натанҳо пеши роҳи онро гирифта натавонистанд, балки бо хомӯшии худ ба ҷиноят шарик шуданд. Сербҳои нажодпараст дар ҷараёни ҷанги Босния аз соли 1992 то соли 1995 беш аз 100 ҳазор нафарро бераҳмона куштанд. Беш аз 2 миллион нафар аз хонаҳои худ овора шуданд ва ба 50 ҳазор зану духтарон дар урдугоҳҳо таҷовузи дастаҷамъӣ карданд.

Дар соли 1995 Кофӣ Аннон, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид пас аз фоҷеаи Сребренитса гуфт: "Ин нокомӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ буд." Имрӯз Антонио Гутерриш ҳамон Созмони Милали Муттаҳидро раҳбарӣ мекунад, ки то кунун нӯҳ қатномаро дар бораи оташбас дар Ғазза ба далели ветоҳои Амрико ноком кардааст. Гузориши ахири Созмони Милал ҳокист, ки 93 дарсади кӯдакони Ғазза дучори буҳрони ғизои ҳастанд оморе, ки ёдовари муҳосираи Сребренитса аст.

Он чизе, ки Сребренитсаро ба як рӯйдоди ҷаҳонӣ табдил дод, натанҳо миқёси фалокат, балки беамалии сохторҳои байналмилалӣ таҳти таъсири ҳукуматҳои ғарбӣ дар баробари он буд. Беамалие, ки имрӯз ба таври муфассалтар дар Ғазза такрор мешавад.

Истифодаи гуруснагӣ ҳамчун силоҳи ҷанг, оворакунии маҷбурӣ, маҳрумияти оммавӣ ва ҳамлаҳои омидона ба ғайринизомиён намунаҳои эътирофшудаи наслкушӣ дар Конвенсияи соли 1948 аст. Моҳи январи соли 2024 Додгоҳи байнулмилалии адлия "ICJ" расман ҳушдор дод, ки эҳтимоли наслкушӣ дар Ғазза вуҷуд дорад ва Исроил муваззаф аст, чораҳои пешгирикунанда андешад. Аммо ин ҳукм низ ба монанди ҳушдорҳои шабеҳ дар бораи Сребренитса, натанҳо ҷиддӣ гирифта нашуд, балки ҳукуматҳои ғарбӣ воқеан бо фиристодани силоҳ, гузоришҳои расонаӣ ва дастгирии дипломатӣ ба идомаи ҷиноят мусоидат карданд.

Воқеият ин аст, ки наслкушӣ натанҳо як фалокати башарӣ, балки рамзи шикасти маънавии низоми байналмиллалӣ аст, ки дигар ба ҳуқуқи инсон эҳтиром намегузорад, адолатро эътироф намекунад ва ҳатто ба масъулияти ҳифзи ҷони ғайринизомиён бовар надорад. Қурбониёни Сребренитса бо ваъдаи амниятӣ раҳҳо шуданд. Имрӯз Ғазза бо ваъдаҳои "ҳалли ду давлат" нобуд мешавад.

Сребренитса ба намоди беамалии қудратҳои ҷаҳони дар баробари як тарожди бадал шуд, аммо Ғазза дар ҳоли табдил шуда ба намоди ҳамдастии замонави дар наслкуши аст тафовути фоҳиши он аст, ки дар Бусни пас аз поёни ҷанг ғарб барои бозсози ташкили додгоҳ, шиносои гуҳо ва сабти ривоятҳои қурбониён вориди амал шуд, аммо дар Ғазза ҳатто ҳамдарди бо қурониён дар пойтахтҳои ғарби ҷурм талақи мешавад ҳатто гуфтани вожаи наслкуши бо иттиҳоми яҳудиситези ру ба ру мешавад ва дархости тавақуфи ҷиноят ба ҳимоят аз тероризм таъбир мегардад.

Давлатҳои ғарби муддаи башардусти бетафовут на дар баробари наслкушии пинҳон, балки дар баробари фоҷеъаи бепарда ва ошкор истоданд кудакони Ғазза зери бомбарон зинда зинда месузанд, марум аз сарзаминашон ронда мешаванд то марзҳои ҷуғрофиё, инсоният ва қонунро якҷо тар кунанд.