Чавгон; варзише ҷаҳонӣ бо решаҳои эронӣ + аксҳо
-
Бонувони эронӣ дар рақобатҳои Чавгон
Порс Тудей - Варзиши Чавгон, яке аз куҳантарин бозиҳои саворкории ҷаҳон аст, ки решаҳои он ба Эрони бостон бозмегардад.
Маншаи пайдоиши Чавгонро Эрони бостон медонанд ва номи Чавгон ҳам аз он даврон ба ёдгор мондааст.
Ба гузориши Порс Тудей, бар асоси мадорики мавҷӯд дар манобеи эронӣ ва ғайри эронӣ ва сангнавиштае мутааллиқ ба 600 соли пеш аз мелоди Масеҳ(а), ки акнӯн дар мӯзейи Британия нигаҳдорӣ мешавад ва бозии Чавгонро байни эрониёну турониён нишон медиҳад, таърихи ин варзиши қидмате дерина дорад.
Варзиши Чавгон ибтидо дар давраи Ҳахоманишиён ба унвони тамрине низомӣ барои саворкорони артиш шакл гирифт ва сипас дар давраи Сосониён ба авҷи шукӯфоии фарҳангӣ расид. Чавгон дар Эрони бостон на танҳо як варзиш буд, балки намоде аз қудрат, маҳорату наҷобати дар бориён маҳсӯб мешуд ва дар ашъори шоирони бузурги эронӣ, аз ҷумла Фирдавсӣ, Рӯдакӣ ва Низомӣ низ бозтоб ёфтааст.
Саъдӣ, шоири бузурги эронӣ дар “Гулистон” дар яке аз ашъори худ ба Чавгон ишора кардааст:
Подшоҳе, ки Чавгон ба майдон барад / Ба тарбият мардум обод кард, ки инҷо Чавгон нишонае аз қудрате аст, ки бо адолат ҳамроҳ шудааст.
Чавгон ба далели иртибот бо аносуре чун хонавода (бозикунону ҳунармандон), табиат, асбу ҳунар, аҳамияти фавқулоддае дар фарҳанги Эрон дорад. Имрӯза нақшу фигурҳои бозии Чавгон дар саноати дастӣ, наққошии суннатии минётур, тазъиноти меъморӣ ва сангбарҷастаҳо истифода мешавад, ҳамчунин дар адабиёт ва забонҳои эронӣ, ҳузуре густарда дорад.
Майдонҳои Чавгон дар шаҳрҳои бузурги Эрон чун Исфаҳону Шероз сохта шуданд ва бозӣ дар ҳузури шоҳону бузургон баргузор мешуд. Бо густариши нуфузи фарҳангии Эрон, Чавгон ба Ҳинд роҳ ёфт ва дар даврони муғулҳо маҳбӯбияти вижае пайдо кард. Баъдҳо, афсарони британияии мустақар дар Ҳинд бо ин бозӣ ошно шуданду нусхае аз онро бо номи “Поло” ба Аврупо бурданд. Ин нусхаи ғарбӣ, бо тағйироте дар қавонину таҷҳизот, дар қарни нӯздаҳум дар Англия расмият ёфту имрӯза дар бисёре аз кишварҳо бозӣ мешавад.
Бо вуҷӯди ин густариши ҷаҳонӣ, Чавгони эронӣ вижагиҳои мунҳасир бафарде дорад, аз ҷумла истифода аз асбҳои хос, либосҳои суннатӣ ва шеваҳои бозӣ, ки бо фарҳангу ойини эронӣ омехтаанд. Дар солҳои ахир, талошҳое барои эҳёи Чавгони суннатӣ дар Эрон сӯрат гирифта ва ин варзиш дар соли 2017 ба унвони мироси фарҳангии номалмус дар феҳристи ЮНЕСКО сабт шуд.
Аббосалии Ризоиниё, устодёри гуруҳи бостоншиносии Донишгоҳи Кошон, бо ҳамкории пажӯҳишгарони Донишгоҳи ҳунари Исфаҳон, таҳқиқе дар хусӯси ин бозии куҳан анҷом додааст. Натоиҷи ин пажӯҳиш нишон медиҳанд, ки Чавгон на танҳо бозии мухтаси ашроф ва бузургон буда, балки дар миёни мардуми одӣ низ ривоҷ доштааст. Бозии Чавгон ба унвони як унсури фарҳангӣ, нақши муассире дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми Эрон дошта ва бозтобе аз нигаришу сабки зиндагии эрониён будааст.
Илова бар ин, ёфтаҳо нишон медиҳанд, ки Чавгон танҳо як бозии варзишӣ нест, балки намоде аз рӯҳияи ҷавонмардӣ ва ҳамбастагии иҷтимоӣ аст. Ин бозӣ дар тӯли таърих, илова бар саргармӣ ба тақвияти ҳувияти фарҳангӣ ва иҷтимоии эрониён кумак карда ва мӯҷиби интиқоли арзишҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ аз насле ба насли дигар шудааст.
Чавгон бахше аз мироси фарҳангии номалмӯси Эрон аст, ки дар абъоди мухталифи зиндагии эрониён таъсиргузор будааст. Аз таъсири ин бозӣ дар ашъору достонҳои куҳан гирифта то нақшаш дар маросиму ҷашнҳои иҷтимоӣ, нишон медиҳад, ки Чавгон чизе фаротар аз як бозӣ аст. Ин бозӣ, ҳам дар шакли савора ва ҳам дар шакли пиёда ба таври густарда дар миёни мардуми Эрон ривоҷ дошта ва тавонистааст нақши пурранге дар фарҳангу ҳувияти эрониён ифо кунад.