Додгоҳи мунофиқин
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122296-Додгоҳи_мунофиқин
Вакили шикояткунандагони аъзои созмони мунофиқин гуфт: 8 ҳазор эронӣ дар шаҳри Меҳрон, тайи амалиёти “Чилчароғ”, тавассути аъзои созмони муҷоҳидини халқ террор шуданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 08, 2025 10:42 Asia/Dushanbe

Вакили шикояткунандагони аъзои созмони мунофиқин гуфт: 8 ҳазор эронӣ дар шаҳри Меҳрон, тайи амалиёти “Чилчароғ”, тавассути аъзои созмони муҷоҳидини халқ террор шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Масъуди Маддоҳ, вакили шикояткунандагони аъзои Созмони муҷоҳидини халқ мавсӯм ба мунофиқин гуфт: 8 ҳазор эронӣ дар шаҳри Меҳрон (яке аз шаҳристонҳои устони Илом дар марзи Эрону Ироқ), тайи амалиёти Чилчароғ, тавассути аъзои Созмони муҷоҳидини халқ террор шуданд.

Амалиёти Чилчароғ, як амалиёти низомӣ буд, ки тавассути Созмони муҷоҳидини халқи Эрони мавсӯм ба “мунофиқин”, дар 28 хурдоди 1367 (июни 1988) анҷом шуд. Ҳадаф аз ин амалиёт тасарруфи шаҳри марзии Меҳрон дар 100 километрии Илом ва зарба ба қувои низомии ҳукумати Эрон буд.