Халиҷи Форси Эрон дар муъодилоти ҷаҳонӣ чӣ нақше дорад?
Порс Тудей - Халиҷи Форси Эрон ба далели мавқеъияти ҷуғрофиёии мунҳасир ба фарди худ, ба унвони бузургтарину муҳимтарин маркази иртиботӣ миёни се қораи Осиё, Аврупо ва Африқо шинохта мешавад.
Халиҷи Форси Эрон дар тӯли таърих ҳамвора ба унвони як минтақаи дорои аҳамияти роҳбурдии фавқулодда дар арсаи дохилӣ, минтақаӣ ва байналмилалӣ барои Эрон будааст, ба гунае, ки тасмимоти стротежии сиёсати хориҷии Эрон ҳамвора бо дар назар гирифтани ҷойгоҳи ин минтақа иттихоз мешавад.
Ба гузориши Порс Тудей, номи «Халиҷи Форс» реша дар таърихи куҳан дораду асноду манобеи торихии мутаъаддиде ин номро таъйид мекунанд. Дар муқобил, талошҳои бархе кишварҳои минтақаӣ ва қудратҳои хориҷӣ барои тарвиҷи номи ҷаълӣ, ки фоқиди ҳар гуна пуштвонаи торихӣ ва мантиқӣ аст, маҳкӯм шудааст. Ин иқдомот ба унвони ҳадаф қарор додани ҳувияти фарҳангӣ ва торихии миллати Эрон тафсир шудааст. Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ низ танҳо унвони «Халиҷи Форс»-ро ба расмият мешиносанд.
Аҳамияти ҷаҳонии Халиҷи Форс ба чанд омили калидӣ вобастааст:
Манобеи азими энержӣ: Халиҷи Форс ҳудӯди 62 дарсад аз манобеи нафт ва 40 дарсад аз манобеи гази ҷаҳонро дар худ ҷой додааст. Баровардҳо ҳокӣ аз он аст, ки ҳавзаи Халиҷи Форс дар ҳудӯди 730 миллиард бушка захираи исбот шудаи нафт ва беш аз 70 триллион метримукаъаб захираи гази табиӣ дорад.
Тангаи Ҳурмуз: ин танга, гузаргоҳи ҳаётие аст, ки Халиҷи Форсро ба дарёи Уммон ва обҳои озод муттасил мекунад ва дар миёни ёздаҳ тангаи муҳими дунё, аз ҷойгоҳи иқтисодӣ ва роҳбурдии беназире бархӯрдор аст. Бештари содироти нафти минтақа аз ин танга мегузарад.
Аҳамияти низомӣ ва амниятӣ: Ҳузури пойгоҳҳои низомӣ ва новҳои кишварҳои ғарбӣ бавижа Амрико ва Англия дар минтақа, гувоҳи аҳамияти роҳбурдии он аст. Ин ҳузур пас аз рӯйдодҳое монанди «ҷанги нафткашҳо» дар даврони ҷанги Эрону режими Баъси Ироқ ташдид шуд.