Хиёбонҳои Эрон; Роҳҳое, ки достонҳоро нақл мекунанд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i123534-Хиёбонҳои_Эрон_Роҳҳое_ки_достонҳоро_нақл_мекунанд
Порс Тудей - Ин гузориш шуморо ба сафари шаҳрӣ даъват мекунад, то зеботарин хиёбонҳои Эронро кашф кунед ва аз зиндагӣ, таърих ва зебоӣ  лаззат баред.
(last modified 2025-12-23T08:11:57+00:00 )
Декабр 23, 2025 13:03 Asia/Dushanbe
  • Хиёбони Вали-Асри Теҳрон
    Хиёбони Вали-Асри Теҳрон

Порс Тудей - Ин гузориш шуморо ба сафари шаҳрӣ даъват мекунад, то зеботарин хиёбонҳои Эронро кашф кунед ва аз зиндагӣ, таърих ва зебоӣ  лаззат баред.

Дар шаҳрҳои Эрон хиёбонҳое ҳастанд, ки аз вазифаҳои ҳаррӯзаи худ берун меистанд. Онҳо хотираи шаҳр; манзараи ҳаёт, таърих ва ҳаракат мебошанд. Имрӯз, дар сафари бисёре аз сайёҳон, номи кӯча дар паҳлӯи осорхонаҳо ва ёдгориҳои таърихӣ ҷойгир аст. Дар ин гузориш, Порс Тудей  баъзе аз зеботарин хиёбонҳои Эронро муаррифӣ мекунад; хиёбонҳое, ки барои дидан, билет талаб намекунанд; танҳо сайругашт кунед, нафас кашед ва зиндагиро тамошо кунед.

 

Хиёбони Вали-Асри Теҳрон

Тӯлонитарин хиёбон дар Осиёи Ғарбӣ, бо радифе аз чинорҳои куҳансол, як ривояти зиндаи Теҳрони муосир аст. Ин кӯчаи 18-километра аз ҷануб то шимоли шаҳр тӯл мекашад ва наслҳо, табақаҳои иҷтимоӣ ва хотираҳои гуногунро дар зери сояи дарахтонаш мепайвандад. Кӯчаи Вали-Аср бештар аз як роҳ аст, он як ривояти пайвастаи ҳаёти шаҳрӣ аст.

Хиёбони Вали-Асри Теҳрон

 

 

Хиёбони Тақбӯстон, Кирмоншоҳ

Ин хиёбон роҳест, ки мустақиман ба қалби таърих мерасад. Роҳи сабзе, ки хусусиятҳои барҷастаи асрҳои тамаддуни Эронро дар бар мегирад; ва бо вуҷӯди ин, ба фазои зинда барои сайругашт ва ҷамъомад табдил ёфтааст. Дар шомгоҳон, бо манзараи кӯҳӣ ва ҳавои мулоим, хиёбони Тақбӯстон ба макони муошират табдил меёбад.  

 

Хиёбони Тақбӯстон, Кирмоншоҳ

 

Чаҳорбоғи Аббосӣ, Исфаҳон

Чаҳорбоғи Аббосӣ, шоҳкоре аз шаҳрсозии Эрон ва ёдгоре аз давраи Сафавӣ acт. Чаҳорбоғи Аббосӣ, бо пиёдароҳ ва пайвастшавӣ ба пули “Сию се пул” , як омезиши ҳамоҳанги таърих, табиат ва ҳаёти шаҳрӣ мебошад. Ин кӯча рӯҳи Исфаҳонро дар чаҳорчӯбаи худ нигоҳ доштааст; ором, мутавозин ва пойдор.   

Чаҳорбоғи Аббосӣ, Исфаҳон

 

 

Хиёбони Эрам, Шероз

Дар ин ҷо роҳ бо бӯи гули афлесун оғоз мешавад. Хиёбони Эрам як роҳи сабз ва ором аст, ки дар Боғи Эрам, мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ба охир мерасад. Дар фасли баҳор, сайругашт дар ин кӯча як таҷрибаи нарм ва шоиронаест аз Шероз; шаҳре, ки оҳиста-оҳиста зебоиро нақл мекунад.  

Хиёбони Эрам, Шероз

 

 

Хиёбони Муаллим, Рамсар

Тасвири комили шимоли Эрон. Хиёбоне, ки бо дарахтони хурмо ва мураккабот (норанҷу пуртиқол(, ба меҳмонхонаи қадимии Рамсар мерасад. Ин кӯча ёдраскунандаи оғози шаҳрсозии муосир дар Эрон аст ва роҳ рафтан дар он як сафари кӯтоҳ дар табиат, таърих ва меъморӣ аст.

Хиёбони Муаллим, Рамсар

 

Хиёбони Тарбият, Табриз

Пиёдагарди зинда дар қалби матои таърихии шаҳр. Кӯчаи Тарбият Бозори Бузурги Табризро бо маркази шаҳр мепайвандад ва намоиши динамикии ҳаёти ҳаррӯза, тиҷорат ва фарҳанг аст. Ҳайкалҳои шаҳрӣ, мағозаҳо ва ҳаракати доимии нақлиёт ин кӯчаро ба намунаи муваффақи эҳёи фазои шаҳрӣ табдил додаанд.

Хиёбони Тарбият, Табриз

 

Хиёбони Алам-ул-Ҳода, Рашт

Роҳи фарҳангии шаҳрие, ки ба майдони шаҳрдорӣ, қалби Рашт, ҷорӣ мешавад. Ин пиёдагард маконест барои харид, нишастан, сӯҳбат ва тамошо. Дар рӯзҳои боронӣ, кӯчаи Алам-ул-Ҳода, ки нур ва садоро инъикос мекунад, тасвири шеърии шаҳри боронгарӣ пешкаш мекунад.   

Хиёбони Алам-ул-Ҳода, Рашт

 

Хиёбони Бу-Алӣ-Сино, Ҳамадон

Маркази ҳаёти иҷтимоӣ дар шаҳре, ки таърихро дар бар мегирад. Ин кӯча, ки ба қабри Бу-Алӣ-Сино мебарад, чорроҳаи кӯчаҳои асосии шаҳр ва фазои пурҷӯшу хурӯш барои харид, мулоқот ва ҳаёти ҳаррӯза аст; ки дар он гузашта ва ҳозира паҳлӯ ба паҳлӯ ҷойгиранд.

Хиёбони Бу-Алӣ-Сино, Ҳамадон