Сафири Русия дар Теҳрон: Украина баҳонаи Аврупо барои хусумат бо Эрон аст
-
Сафири Русия дар Теҳрон: Украина баҳонаи Аврупо барои хусумат бо Эрон аст
Порс Тудей - Сафири Русия дар Эрон гуфт, ки муносибатҳои байни Теҳрон ва Маскав дар солҳои охир ба сатҳи бесобиқа расидааст ва паймони шарикии стратегии ҳамаҷониба заминаи мустаҳкамеро барои ин ҳамкории пойдор фароҳам овардааст.
Сафири Русия дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Алексей Дедов дар мусоҳибае, ки рӯзи сешанбе бо Исно нашр шуд, ба хусусияти бисёрҷанбаи муносибатҳои Теҳрон ва Маскав таъкид карда, пешрафтҳои назаррасро дар соҳаҳои сиёсӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, молия-бонкдорӣ ва фарҳангӣ эълон кард. Ба гуфтаи Порс Тудей, ӯ коридори байналмилалии Шимол-Ҷануб ва бахусус анҷоми хатти роҳи оҳани Рашт-Астараро як лоиҳаи калидӣ номид.
Дедов инчунин ба татбиқи созишномаи тиҷорати озоди Эрон бо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва дастгирии мутақобилаи ду кишвар дар масъалаҳои байналмилалӣ ишора карда, гуфт: "Русия фаъолсозии механизми триггерро ғайриқонунӣ мешуморад ва таъсири таҳримҳои яктарафаи Ғарбро бо эҷоди инфрасохтори мустақили пардохт ва роҳҳои алтернативии логистикӣ безарар мегардонад."
Ӯ инчунин аз роҳи ҳалли дипломатии барномаи ҳастаии Эрон пуштибонӣ кард ва амалҳои Ғарбро ғайрисозанда номид.
Сафири Русия дар Эрон дар робита ба бӯҳрони Украина инчунин изҳор дошт: "Маскав ба шартҳои эълонкардаи президенти Русия Владимир Путин барои сулҳи пойдор риоя мекунад ва иттиҳомоти Ғарб алайҳи Эрон дар ин маврид танҳо баҳонаест барои фишор овардан ба Теҳрон ва маҳдуд кардани ҳамкории он бо Маскав."