Авомили харобкору террорист дар иғтишошоти Эрон чӣ нақше доранд?
-
Хисоратҳои баҷомонда аз иғтишошот дар Эрон
Порс-Тудей. Ҳамзамон бо бурузи эътирозҳои иқтисодӣ дар Эрон, шавоҳиди зиёде аз нақшофаринии авомили харобкору гуруҳҳои террористии хориҷӣ дар ҳидояти эътирозот ба самти хушунату ноамнӣ мунташир шудааст. Нақше ки моҳияти ин ҳаводисро аз эътирози иҷтимоӣ ба иғтишоши созмонёфта тағйир додааст.
Аз чанд рӯзи пеш дар пайи афзоиши қиматҳо дар бозор, бархе таҷаммуоту эътирозот дар бархе нуқоти Эрон баргузор шуд. Эътирозоти баҳаққе, ки мардуми Эрон аз вазъияти иқтисодӣ ва маишатӣ доштанд ва талош доштанд садои худро ба гӯши масъулон бирасонанд. Пас аз он дар гӯшаву канори кишвар шоҳиди таҷаммуот будему иғтишошгарон талош мекарданд бо иқдомоти сохторшиканона, амнияти мардумро ба мухотира биндозанд.
Коршиносону нозирони амниятӣ ба сароҳат ҳушдор доданд, ки ин иқдомот бахше аз як пружаи чандубъдӣ ва созмонёфтаи хориҷӣ ва эҳтимолан фози дувуми ҷанги режими Исроилу Амрико алайҳи эрониён мебошад, ки бо ҳадафи тазъифи амнияти миллӣ, инсиҷоми иҷтимоӣ ва иқтидори ҳокимиятӣ тарроҳӣ ва иҷро шудааст. Дар ин чорчӯб, авомили харобкору гуруҳҳои террористии хориҷӣ нақши калидӣ дар инҳирофи эътирозот аз масири табиӣ ва қонунии худ ифо мекунанд.
Аз ин рӯ, иғтишошоти рӯзҳои ахир ба навъе ҷанги таркибӣ алайҳи Эрон арзёбӣ мешавад, ки ин ҷанг шомили маҷмӯае аз абзорҳои сахту нарм аст, ки ба сурати ҳамзамону ҳамоҳанг ба кор гирифта мешаванд.
Таҳримҳои иқтисодиву фишори маишатӣ, ҷанги расонаӣ ва шинохтӣ, амалиёти сойберӣ ва иттилоотӣ, таҳрики гусалҳои иҷтимоӣ ва ҳувиятӣ ва ноамнсозии майдонӣ бо истифода аз авомили террористӣ, аз ҷумлаи аҳдофи ин ҷанги таркибӣ аст. Ҳадафи аслии ин иқдомот низ фарсоиши зарфияти ҳукмронӣ, афзоиши шикоф миёни мардуму низом ва бесуботсозии тадриҷии кишвар аст.
Тибқи шавоҳиди мавҷуд, гуруҳҳои террористӣ, таҷзияталаб ва маонид, ки мустақиман аз ҳимояти иттилоотиву расонаии хориҷӣ бархӯрдоранд, дар давраҳои иғтишош нақши фаъоли майдонӣ ифо мекунанд. Ин нақшҳо шомили нуфузи ҳадафманд дар таҷаммуоти эътирозӣ, савқ додани эътирозот ба хушунату даргирӣ, ҳамла ба неруҳои амниятӣ ва интизомӣ, тахриби амволи умумӣ ва зерсохтҳои ҳаётӣ ва иқдомоти террористӣ алайҳи шаҳрвандони эронӣ аст.
Яке аз муаллафаҳои муҳими нақши авомили хориҷӣ, эҷоду ҳидояти шабакаҳои харобкор дар дохили кишвар аст. Ин шабакаҳо бо баҳрагирӣ аз сохторҳои ғайримутамаркизу селлулӣ, иқдом ба омӯзиши равишҳои муқобила бо неруҳои амниятӣ, интиқоли таҷрибиёти ошӯбҳои мушобеҳ дар соири кишварҳо, омӯзиши сохту истифода аз абзорҳои тахрибӣ ва ҳамоҳангии амалиётӣ аз тариқи бистарҳои иртиботии амн мекунанд, ки ин сатҳ аз омодагӣ баёнгари пуштибонии мустақими хориҷӣ аст.
Расонаҳову шабакаҳои иҷтимоии вобаста ба ҷараёнҳои маонид низ ба унвони бозуи расонаии иғтишошот амал мекунанд. Илқои ривояти бесуботӣ ва фурӯпошӣ, таҳриф ё бузургнамоии ҳаводиси майдонӣ, интишори ахбори ҷаълӣ ва таҳрикомез ва ташвиқ ба идомаи нооромиҳову хушунат коркарди аслии ин расонаҳо будаанд.
Дар муқобил, фурӯкаш кардану ақим шудани фаврии ин ҷиноятҳо низ ношӣ аз беэътимодии мардуми Эрон ба расонаҳои душман ва ҳамроҳӣ накардан бо пружаҳои ошӯбмеҳвару натиҷаи як огоҳии иҷтимоии решадору таҷрибаи таърихии тӯлонӣ аст. Ҷомеаи Эрон ба хубӣ ташхис медиҳад, ки ин расонаҳо бо вобастагии сиёсиву молӣ ба давлатҳои хориҷӣ, ривоятҳое яктарафа, иғроқомезу буҳронмеҳвар тавлид мекунанду ҳадафи онҳо на иттилоърасонӣ, балки эҷоди норизоятӣ, шикофи иҷтимоӣ ва бесуботсозии кишвар аст.
Ҷумҳурии исломии Эрон вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ, маишатӣ ва иҷтимоиро инкор намекунад, аммо таъкид дорад, ки авомили харобкори хориҷӣ бо сӯиистифода аз мутолиботи воқеии мардум, талош мекунанд эътирозотро аз масири қонунӣ хориҷ карда ва ба тақобули амниятӣ табдил кунанд. Авомили харобкори хориҷӣ, ки таҳти бозуи ҷадиди саҳюнистҳо ва амрикоиҳо, ин бор дар маъмурияти ҷадид дар пайи ҷуброни шикасти ҷанги 12 рӯза ҳастанд.