Қолибоф: Кишварҳои минтақа амнияташонро бедуни дахолати хориҷӣ таъмин кунанд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124452-Қолибоф_Кишварҳои_минтақа_амнияташонро_бедуни_дахолати_хориҷӣ_таъмин_кунанд
Порс Тудей- раиси Маҷлиси шурои исломӣ гуфт: Ҷанги Рамазони бисёри аз равобити минтақаро тағир медиҳад ва мо ба вазъи пеш аз ҷанг бар намегардем.
(last modified 2026-03-17T03:42:33+00:00 )
Март 17, 2026 08:40 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммадбоқири Қолибоф раиси Маҷлиси шурои исломӣ
    Муҳаммадбоқири Қолибоф раиси Маҷлиси шурои исломӣ

Порс Тудей- раиси Маҷлиси шурои исломӣ гуфт: Ҷанги Рамазони бисёри аз равобити минтақаро тағир медиҳад ва мо ба вазъи пеш аз ҷанг бар намегардем.

Ба гузориши Порс Тудей, Муҳаммади Қолибоф раиси Маҷлиси шурои исломӣ дар мусоҳибаи бо шабакаи Ал-Араби ҷадид изҳор дошт: Амрикоиҳо аз хок ва сармояи кишварҳои минтақаи Халиҷи Форс истифода ва пойгоҳ дуруст карданд то амнияти ин кишварҳоро таъмин кунанд, аммо худ аз ин пойгоҳҳо ба Эрон ҳамла ва моро маҷбур ба посухгуи карданд. Ноамниро Амрико аз хоки ин кишварҳо оғоз кард ва табиъӣ аст, ки мо дар як ҷанги вуҷуди маҷбур ба дифоъ аз худ ҳастем.

Вай таъкид кард: Агар таваҷуҳ дошта бошем мо ин зарфиятро дар ҷанги 12 руза ҳам доштем бо ин ки амрикоиҳо канори режими саҳюнистӣ буданд то вақти амрикоиҳо вории ҷанг нашуданд кишварҳои минтақаро даргир накардем.

Қолибоф дар бахши дигари аз гуфтугуи худ бо Ал-Араби ҷадид бо таъкид бар ин ки мо бештар аз гузашта ба тақвияти равобит бо кишварҳои ҳамсоя эътиқод дорем, гуфт: Дар мавқеъияти кунуни мо ба дифоъ аз худ маҷбурем, аммо муътақидем ки амнияти минтақаро бояд кишварҳои минтақа бедуни дахолати хориҷӣ таъмин кунанд бино бар ин мо фикр мекунем ин ҷанг бисёри аз равобити минтақаро тағир медиҳад ва ба вазъи пеш аз ҷанг бар намегардем мо барои тавофуқҳои амнияти пойдор бо кишварҳои минтақа омодаем ва ин тавофуқҳои амнияти як тазмин барои ҳамаи ин кишварҳо ва амнияти пойдорро барои сармоягузори дар минтақа эҷод мекунад.