Ироқчӣ: Тангаи Ҳурмуз ба шароити қабл бознамегардад; музокирае дар ҳавзаи ҳастаӣ надорем
-
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон
Порс Тудей — Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дар нишаст бо аъзои Комиссияи амнияти миллии Маҷлиси Эрон таъкид кард, ки дар ҳоли тадвини созукоре барои мудирияти Тангаи Ҳурмуз ҳастем ва Тангаи Ҳурмуз ба шароити қабл бознамегардад.
Ба гузориши Порс Тудей, Иброҳим Ризоӣ, сухангӯи Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар ташреҳи ҷаласаи имрӯз душанбеи ин комиссия бо Сайид Аббос Ироқчӣ, гуфт: «Дар ин ҷаласа, вазири хориҷаи Эрон гузорише аз фаъолиятҳо, барномаҳо ва иқдомоти маҷмӯаи дастгоҳи сиёсати хориҷӣ дар айёми ҷанги 40-рӯза ва пас аз он то имрӯз бавижа дар мавзуи музокирот ироа кард».
Ризоӣ афзуд: «Ироқчӣ таъкид кард, ки мавқеияти Ҷумҳурии Исломии Эрон нисбат ба қабл аз ҷанги 40-рӯза тафовутҳои бисёре карда ва ба Эрон ба унвони як қудрати бузург ва муҳим нигоҳ мекунанд; душман тасаввур мекард Эрон заиф шудааст, аммо дар ин ҷанг мушоҳида кард, ки Эрон дар муқобили бузургтарин нерӯи мусаллаҳи дунё ва дар баробари ду қудрати атомӣ истод ва онҳоро дар дастёбӣ ба аҳдофашон ноком гузошт».
Вай гуфт: «Тибқи тавзеҳоти вазири умури хориҷаи Эрон, душман аз ҳамаи равишҳо барои таслими Эрон аз ҷумла иғтишошот, кудета, ҳамлаи низомӣ, таҳаррукоти таҷзияталабон ва дигар иқдомот истифода кард, аммо ноком монд; касе гумон намекард Эрон тавони густариши ҷанг ба аҳдофи Амрико дар минтақаро дошта бошад ва Тангаи Ҳурмузро бибандад, аммо Эрон бо қувват ин иқдомро дар ҷанг анҷом дод».
Ризоӣ идома дод: «Ироқчӣ эълом кард, ки лаҳни кишварҳо пас аз ҷанг нисбат ба Эрон мутафовит шуда ва доктринаи амниятии минтақа низ тағйир кардааст, ба тавре ки қаблан бар пояи пойгоҳҳои Амрико буд, аммо акнун тағйир кардааст, чаро ки ин пойгоҳҳо ба унвони омили зидди амният табдил шуда ва амниятофарин нест ва ҳатто боиси ноамнӣ аст».
Вай идома дод: «Тибқи тавзеҳоти вазири хориҷаи Эрон, дар ҳоли ҳозир музокирае бо душман дар ҳавзаи ҳастаӣ надорем ва барои ҳар сенарияе омодагӣ дорем. Ҳамчунин бар лузуми оташбас дар Лубнон низ таъкид дорем».
Ризоӣ изҳор кард: «Ироқчӣ баён кард, ки дар ҳоли тадвини созукоре барои мудирияти Тангаи Ҳурмуз ҳастем ва Тангаи Ҳурмуз ба шароити қабл бознамегардад ва иҷозаи таррадуд ба шиноварҳои мутахосим дода нахоҳад шуд».