Бақоӣ: Баёнияи Иттиҳодияи Аврупо дар маҳкумияти дифои Эрон аз худ, риёкорона аст
-
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон
Порс Тудей — Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон таъкид кард: «Иттиҳодияи Аврупо бояд нисбат ба асли ҳокимияти қонун ва усули Маншури Созмони Милал, ки ҳамеша нисбат ба онҳо муддаӣ будааст, пойбанд бимонад».
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНО, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон дар вокуниш ба баёнияи сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо, ки иқдоми Эрон дар дифоъ аз худ дар баробари ҳамлаҳои таҷовузкоронаи Амрикоро маҳкум кардааст, гуфт: «Ин иттиҳодия бояд нисбат ба асли ҳокимияти қонун ва усули Маншури Созмони Милал, ки ҳамеша нисбат ба онҳо муддаӣ будааст, пойбанд бимонад ва аз рӯйкарди мубтанӣ бар хушнудсозии мутаҷовизон ва сарзаниш кардани тарафҳое, ки аз худ дифоъ мекунанд, даст бардорад».
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард: «Баёнияи Иттиҳодияи Аврупо дар маҳкумияти Эрон ба далели эъмоли ҳаққи машрӯи дифоъ аз худ дар баробари ҳамлаҳои ғайриқонунии Амрико бо мабдаи як кишвари ҳамсояи ҷанубии Халиҷи Форс, мисоли ошкори нифоқ ва рӯйкарди дугона аст; ин баёния, риёкорона ва ғайримасъулона аст».